logo

иқтисод

МУОМИЛОТИ ҒАЙРИНАҚДӢ. ЧАРО СОҲИБКОРОН БА ОН ҲАВАСМАНД НЕСТАНД?

«Таҳлилҳо  нишон медиҳанд, ки гарчанд соли сипаришуда шумораи дорандагони кортҳои пардохтӣ 5,5 фоиз зиёд шуда, 1,7 миллион нафарро ташкил додааст, вале то ҳол 95 фоизи амалиёти кортӣ бо гирифтани пули нақд вобаста мебошад. Дар робита ба ин, Бонки миллӣ бояд назорати татбиқи Стратегияи рушди низоми пардохтро пурзӯр карда, доир ба насби терминалҳои пардохтӣ ва истифодаи васеи кортҳо чораҷӯӣ намояд».
Эмомалӣ РАҲМОН

Воқеан, бо  сабаби  ниҳоят кам будани муомилоти ғайринақдӣ  дар мамлакат ҳанӯз иқтисоди пинҳонӣ мавҷуд буда, манбаъҳои зиёди андозбандӣ аз истифода берун мондаанд.  Тибқи ҳисоботи расмӣ, имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ 372 ҳазор субъекти соҳибкорӣ фаъолият менамояд, аммо дар марказҳои савдою хизматрасонӣ ва корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ  ҳамагӣ 679 банкомат ва 3935 терминали электронӣ мавриди истифода қарор дорад, ки  хеле кам аст.
Яке аз ҳадафҳои дигари ташкили ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ аз байн бурдани иқтисоди пинҳонӣ ва  фаъолияти шаффофи субъектҳои соҳибкорӣ мебошад. Далелҳо нишон медиҳанд, ки барои роҳандозии муомилоти ғайринақдӣ соҳибкорону тоҷирони ҷумҳурӣ ҳавасманд нес-танд ва аз он канораҷӯӣ менамоянд. Аз ҷумла,  дар марказҳои савдою фурӯшгоҳҳои  шаҳри Душанбе истифодаи терминалҳои электронӣ хеле кам ба назар мерасад. Бо ин сабаб бисёри шаҳрвандон маош ва нафақаашонро аз бонкамат гирифта, дар мағозаю фурӯшгоҳҳо  молу маҳсулотро ба таври нақдӣ  мехаранд. 
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии кишвар, изҳор дошт, ки вусъат бахшидани муомилоти ғайринақдӣ - яке аз дастурҳои Сарвари давлат  ҳоло дар мадди аввали фаъолияти роҳбарону масъулони бонк қарор дорад. Аммо натиҷаҳои ба дастомада тайи нимаи аввали сол моро қаноатманд намесозанд.
- Аксари соҳибкорону тоҷирон намехоҳанд, ки ҳаҷми даромадашон  ошкор бошад. Зеро дар натиҷаи ба роҳ мондани муомилоти ғайринақдӣ  ҳаҷми гардиши савдои молу маҳсулоти онҳо ҳамчун манбаи  ситондани андоз аён мегардад. Ин ҳолат яке аз монеаҳои асосӣ барои зиёд намудани харидуфурӯши ғайринақдӣ мебошад. Бинобар ин, роҳбарияти бонк дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти муомилоти ғайринақдӣ санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии алоҳидаро таҳия намуда истодааст. Дар асоси қабули санадҳои мазкур низоми ташкили савдои ғайринақдӣ барои тоҷирону савдогарон осонтар гардида, арзиши тарофаҳои он аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ  арзон карда мешавад. Ба ин васила афзоиши амалиёти ғайринақдӣ имконпазир хоҳад буд.  Айни замон дар мамлкат 4,5 дарсади муомилот ғайринақдӣ иҷро мешавад. Дар  кишварҳои ҳамсоя ин нишондиҳанда наздики 20 дарсадро ташкил медиҳад, - гуфт номбурда.
 Коршиносони  соҳаи бонкдорӣ бар замми монеаҳои  зикршуда, ҳамчунин, маърифати молиявии мардум ва коҳиш ёфтани боварии тоҷирону соҳибкоронро ба ташкилотҳои қарзӣ омилҳои рушд наёфтани муомилоти ғайринақдӣ арзёбӣ менамоянд. Ҳарчанд имрӯзҳо шумораи зиёди шаҳрвандон корти бонкӣ доранд, аммо ҳангоми харид  ба истифодаи он дар фурӯшгоҳҳо таваҷҷуҳи кам зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки дар назди хазинаи марказҳои савдо доир ба истифодаи корти бонкӣ зимни харид гӯшаҳои таблиғотӣ насб шаванд. Коҳиши боварӣ  ба фаъолияти  муассисаҳои бонкӣ  низ аз монеаҳоест, ки рафъи он чораҳои заруриро тақозо дорад. Азбаски тайи чанд соли охир бонкҳои тиҷоратӣ мушкилоти пардохти пасандози муштариёнро ба вуҷуд оварданд, шояд аз ин ҷиҳат тоҷирону соҳибкорон аз роҳандозии ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тариқи ташкилотҳои қарзӣ ҳарос доранд.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2018    №: 154    Мутолиа карданд: 603
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед