logo

иқтисод

ДАР ФАЗОИ ДӮСТӢ. САНОАТЧИЁНИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН САФАР КАРДАНД

Ҳайати намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз сафари ҳафтаинаи омӯзишӣ ба Ӯзбекистон баргашт. Чунин иқдом, тибқи андешаи мутахассисони соҳа, ҷиҳати омӯзиши таҷриба барои кормандони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, ҳамчунин барои роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни корхонаҳои нассоҷию дӯзандагии ду кишвар, хеле муҳим аст.
Ҳайати Тоҷикистон аз намояндагони ҳабдаҳ корхонаи нассоҷиву дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, ду донишгоҳ, Палатаи савдою саноат, Иттифоқи рушди бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва кормандони масъули соҳа иборат буда, сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар  Тоҷикистон муштаракан аз ҷониби Палатаи савдою саноати кишвар, иттиҳодияи “Узтекстилпром”, ширкатҳои консалтингии тоҷикистонии “ACT Development Group” ва “Business Consulting Group” бо дастгирии Ҳукумати мамлакат созмон дода шуд.
Дар доираи сафар намояндагони Тоҷикистон бо фаъолияти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии шаҳру вилояти Тошканд, донишгоҳҳои соҳа, иттиҳодияҳои тиҷоратӣ ва марказҳои фурӯши либосҳои маҳаллӣ ошно гашта, бо ҳамтоёни ӯзбек ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар сатҳҳои гуногунро баррасӣ карданд.
Саидмуъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон, зимни суҳбат иброз дошт, ки айни ҳол саноати нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар соҳаи муҳими содиротӣ маҳсуб ёфта, босуръат рушд мекунад. Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба гузариш аз кишвари агросаноатӣ ба индустриалию аграрӣ ва барномаю стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, кормандони соҳа мақсад гузоштаанд, ки аз содироти маҳсулоти хому нимтайёр зина ба зина ба содироти маҳсулоти тайёри саноатӣ гузаранд. Ӯзбекистон низ аз нигоҳи истеҳсоли пахта дар қатори даҳ кишвари аввали ҷаҳон қарор дорад ва ҳоло фурӯши риштаи пахтагин ба хориҷа 60%-и содироти умумии маҳсулоти нассоҷии ин кишварро ташкил медиҳад. Ҳамкории кормандони бахши нассоҷию дӯзандагӣ ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд.
- Мо аз гардиши куллӣ дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бар пояи талошҳо ва дӯстию бародарии сарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба вуқӯъ пайваст, хеле хушҳолем. Маҳз ба гармӣ гароидани робитаҳо ба мо имкон дод, то бо кишвари дӯсту ҳамсоя дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монем. Ин сафар барои намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон бобарор сурат гирифта, робитаҳои доимию мустақими шарикӣ барқарор шуданд ва дари бозори наве ба рӯи ширкату корхонаҳои мо боз гардид, - гуфт Саидмуъмин Камолов.
Ҳайати нассоҷию дӯзандагии Тоҷикистон тайи сафари ҳафтаина бо фаъолияти рӯзмарраи ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Ӯзбекистон, ҳамчунин, бо фазои корӣ ва равандҳои соҳибкорӣ дар кишвари ҳамсоя ошно шуданд. Омӯзиши бозори хариди ашёи хом, маҳсулоти нимтайёр, матоъ, риштаи синтетикӣ, имконияти роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҳадафҳои асосии сафар арзёбӣ шудаанд.
Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҳадаф дорад, то сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистонро боло барад. Барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат пайваста ёрии вижаи соҳавӣ расонда мешавад.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2018    №: 159    Мутолиа карданд: 544
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед