logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. БЕШ АЗ 140 САНАДИ ҲАМКОРӢ РОБИТАҲОРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

Дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносиботи дӯстона бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил авлавияти хос дошта, дар ин миён Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба унвони кишвари ҳамсоя, дӯсту бародар ҷойгоҳи намоён дорад. Зеро умумияту муштаракоти таърихие, ки миёни тоҷикону ӯзбекон дар тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, ба сурати табиӣ ду халқи бародарро ба ҳам наздиктар кардаанд.
Дар таърихи навини муносибатҳо робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида, баъдан сафоратҳои ҳар ду давлат дар Душанбеву Тошкент ба фаъолият пардохтанд.
Айни замон асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро беш аз 140 созишнома ва аҳднома ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то имрӯз дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд.
Санадҳои асосие, ки дар сатҳи сарони ду давлат, аз ҷумла Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 январи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2000 ба имзо расидаанд, самтҳои муҳимтарини муносибатҳои тарафайнро муайян месозанд. Эҳтироми соҳибихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва истиқлолияти якдигар муқаррароти меҳварии ҳуҷҷатҳои тасвибшуда ба шумор мераванд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои сарҳади умумӣ буда, ҳоло беш аз ҳар вақти дигар заминаҳои ҳуқуқии рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳо фароҳам шудааст. Таҳаввулоти ахире, ки дар муносиботи ҳасанаи ду кишвар ба миён омад, барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллии ҳар ду ҷониб таъсирбахш буда, чунин раванд метавонад, иқтидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо тақвият бахшад.
Арзишҳои бегазанди дӯстиву рафоқати ду халқи бародар, ки пайванд ба шоҳроҳи таърихи гузашта дорад, имкон дод, ки дар моҳи марти соли 2018 марҳилаи сифатан нави ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз шавад. Зеро дигаргуниҳои деринтизоре, ки вобас- та ба таҳкими муносиботи дӯстонаи ду кишвар дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқ афтод, арзишҳоро ба асли хеш баргардонд.
Зоҳиран тоҷикону ӯзбекон беш аз ҳар чизи дигар солҳо интизор доштанд, ки дар таъмини рафтуомад ба ҳудуди якдигар сабукиҳое дар миён афтад, ки ин ормон бо иродаи сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ гардид.
Дар миёни бастаи калонҳаҷми ҳуҷҷатҳое, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуданд, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон барои ҷонибҳо авлавияти хос дошт. Бо назардошти зарурат, билфосила ин санад барои анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ ба порлумонҳои кишварҳо ирсол шуда, мавриди амал қарор гирифт, ки дар пайи он гузаргоҳҳои сарҳадӣ ифтитоҳ ва боиси суруру шодмониҳои зиёди мардум гардид.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2018    №: 162    Мутолиа карданд: 528
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед