logo

туризм

САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕБОЯД!

Тоҷикистон бо зебоии нотакроре, ки дорад, метавонад ҳамчун яке аз марказҳои сайёҳӣ барои оламиён муаррифӣ гардад. Зеро табиати нотак- рору манзараҳои дилфиреб, рӯду дарёҳои мусаффову олами набототу ҳайвоноти нодири кишвар кайҳост, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб сохтаанд. Ҳамчунин, мавқеи хуби ҷуғрофии кишварамон, барои сайёҳон имкон медиҳад, ки аз минтақаҳои дигари Осиёи Марказиву Ҷанубӣ ва уқёнуси Ором дидан намоянд. Дар баробари ин, Тоҷикистон дар масири Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҷойгир аст, ки он  пайвасткунандаи Шарқу Ғарб буда, метавонад барои ҷалби бештари ҷаҳонгардон мусоидат намояд.
Хушбахтона кишвари мо марҳила ба марҳила ба мамлакати сайёҳӣ табдил меёбад ва сол ба сол зиёд шудани шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ далели ин гуфтаҳост. Бино ба гуфтаи Муродалӣ Табаров, сардори бахши муносибатҳои байналмилалии Кумитаи рушди сайёҳӣ, то имрӯз аз кишвари мо тақрибан 530 ҳазор сайёҳи хориҷӣ боздид намуд.
- Афзоиши теъдоди сайёҳони хориҷӣ натиҷаи роҳандозии тадбирҳои муассир мебошад. Аз ҷумла, аз 1 июни соли 2016 низоми раводиди электронии E-Visa амал намуда, дар портали нави аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсисёфта, ҷой дода шуд. Он имкон медиҳад, ки сайёҳ аризаи электрониро пур карда, бе ҳозиршавӣ ба консулгариҳои Тоҷикистон раводиди электрониро ба даст орад. Дар баробари ин, бо зиёда аз 100 давлати дунё низоми содаи додани раводид ҷорӣ гардида, бо 12 давлат низоми бераводид амал мекунад. Робитаҳои сайёҳӣ низ бо кишварҳои олам тақвият меёбанд. Ҳамчунин, имсол бо мақсади баромадан ба бозорҳои нави сайёҳӣ ва ҷалби бештари ҷаҳонгардон, бори нахуст ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии Ҷопон, Фаронса, Олмон, Корея, Малайзия, Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА) ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуданд,- афзуд Муродалӣ Табаров.
Агар солҳои қаблӣ шаҳрвандони ин ё он мамлакат танҳо барои гузарондани рухсатӣ сафар мекарданд, ҳоло онҳо бо мақсади истироҳату фароғат, машғул шудан ба варзиш ва ё барқарор намудани саломатӣ ба саёҳат мебароянд. Ин боис шуд, ки шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон зиёд гарданд ва тибқи таҳлилҳо онҳо аслан ба туризми экологӣ, кӯҳию варзишӣ ва таърихию фарҳангӣ авлавият медиҳанд.
Ба ақидаи коршиносон, дар ин ҷода ба рушди минбаъдаи сайёҳии экологӣ таваҷҷуҳи бештар бояд дод ва ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табииро тарзе нигоҳ дошт, ки экосистемаҳои нодири табиӣ ва ҳайвоноту набототи он зарар набинанд. Зеро бо назардошти иқтидори сайёҳии кишвар ва беҳтар кардани вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ роҳбарияти олии мамлакат дараҳои Варзобу Ромит ва ноҳияи Балҷувонро минтақаи сайёҳӣ эълон доштанд, ки онҳо дар доманакӯҳҳо ҷой гирифта, барои туризми экологӣ, кӯҳсору пиёдагардӣ, табобатию солимгардонӣ ва деҳоту хоҷагидорӣ мувофиқанд. Ҳамзамон, барои бунёди инфрасохтори соҳа дар самти сайёҳии экологӣ аз ҷониби Хазинаи ҷаҳонии экологии барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид маблағҳои грантии хурд ҷудо гардиданд, ки дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Мурғоб, Лахш ва Айнӣ татбиқ мешаванд. Дар доираи он бунёди ҳомстейҳо дар маҳалҳо ва таҳияи маводи иттилоотиву харитаи сайёҳии ноҳияҳо дар назар дошта шуда, хатсайрҳои нав роҳандозӣ мегарданд. Инчунин, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ миёни аҳолӣ семинару омӯзишҳо ташкил хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи мутахассисон, барои пешрафти сайёҳии байналмилалӣ, пеш аз ҳама, бояд корҳои тарғибу ташвиқотиро пурзӯр намуд. Аз ин рӯ, ҳоло Кумитаи рушди сайёҳӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоии “Фейсбук”, “Инстаграм”, “Ютюб”, “Телеграмм” ва “Твиттер” иқтидори соҳаро ташвиқу тарғиб мекунад. Ҳамзамон, маводҳои иттилоотӣ, аз қабили харитаи сайёҳӣ, буклетҳо, роҳнамо барои сайёҳон ва руқъаҳо омода гардидаанд. Дар баробари ин, портали миллии сайёҳӣ, ки бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ амал мекунад ва то охири сол ба он маълумот бо панҷ забони дигар – олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ, ҷопонӣ ва испанӣ ворид карда мешавад.
Бо  вуҷуди  ин иқтидори  бузург,  аввалтар аз ҳама Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати сайёҳӣ мебояд ба мамолики Ғарб ошно сохт. Мутаассифона, айни замон он маълумоте, ки дар бораи кишвар ба хориҷиҳо пешниҳод мегардад, саҳеҳ нест. Аз ин рӯ, муаррифии шоистаи мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ зарур буда, метавон бо истифода аз реклама дар ВАО-и маъруфи ҷаҳонӣ (ба монанди BBC ва Евронюс)  ин корро ба роҳ монд.
Мувофиқи таҳлилҳо шумораи сайёҳони хориҷӣ то соли 2020 дар Тоҷикистон ба 1 миллион нафар расонда шуда, саҳми соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 5 дарсад баробар мегардад, ки ин ҳама бо муаррифии шоистаи кишвар ба оламиён даст хоҳад дод.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 - 165    Мутолиа карданд: 614
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед