logo

иқтисод

ОБ. МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ДОШТА БОШЕМ!

Норасоии об мушкилоти глобалии тамоми  сайёра маҳсуб меёбад. Ҳарчанд аз масоҳати умумии Замин  тахминан 70 дарсади онро об ташкил медиҳад, қисми хеле ками он (дарёҳо, кӯлҳо чашмаҳо) оби ошомиданист. Миқдори зиёди обҳо шӯр ва барои ошомидану зироаткорӣ  корношояманд. Обҳои шӯрро фақат тавассути сармоягузориҳои азиму коркарди зиёд  ба обҳои қобили истифода табдил додан имконпазир мегардад.
Дуруст аст, ки оид ба об ва нақши он дар  инкишофи  тамаддуни инсонӣ олимони соҳаҳои гуногун - файласуфон, филологҳо, кимёгарон, физикҳо, нуҷумшиносон, риёзидонон, биологҳою экологҳо, табибон, геологҳо  ва  ғайраҳо таҳқиқоти зиёд бурдаанд. Вале то ҳанӯз инсон сирру асрори обро бо пуррагӣ кашф накардааст. Дар сайёраи мо ҷисми табиие вуҷуд надорад, ки дар таркибаш об набошад.       
Ҳоло дар ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ соле қариб 5 миллион нафар ба ҳалокат мерасад ва мушкилоти оби тозаи нӯшоӣ ба проблемаи глобалии байналмилалӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, мо бояд шукр аз он кунем, ки Тоҷикистони мо дар саргаҳи оби тозаю  мусаффо қарор дорад ва тақрибан  ҳамаи обҳо ширин, ошомиданӣ ва барои зироаткорӣ коршояманд. 
Мо аз об танқисӣ надорем. Аммо бояд иқрор шавем, ки фарҳанги истифодаи обро на ҳамеша риоя мекунем. Ҳолатҳои зиёде вомехӯранд, ки дар баъзе минтақаҳо фаровонии об ва истифодаи нодурусти он боиси болоравии оби зеризаминӣ ва шӯрашавӣ, дар маҳали дигар нарасидани об боиси хушкшавии заминҳо гардидааст. 
Роҳандозӣ шудани Даҳсолаи байналмилалии  амал “ Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ки идомаи муттасил барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор  маҳсуб меёбад, аз ҳар яки мо – сокинони Тоҷикистон тақозо менамояд, ки дар тозаю покиза нигоҳ доштан ва истифодаи оқилонаи ин сарвати бебаҳо масъул бошем. Даҳсолаи байналмилалии  амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” маҳз бо иқдоми башардӯстонаи Сарвари муаззами мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, аз ҷониби Маҷмааи  умумии  СММ  ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул гардидааст. Ин аз як ҷиҳат боиси ифтихори мост, аз ҷониби дигар мо барои амалисозии ҳадафҳои даҳсола бояд масъулияти бештар эҳсос намоем.
Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ, донишҷӯи ДДХ ба номи академик
Б. Ғафуров

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 - 165    Мутолиа карданд: 526
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед