logo

иқтисод

ВАНҶ. БУНЁДИ 246 ИНШООТ ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Имрӯзҳо бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар  доираи  омодагиҳо ба Ҷашни бузурги  миллӣ – 30 - солагии  Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ корҳои ободонӣ ва созандагӣ вусъати  тоза  касб  кардаанд. Дар ноҳияи  Ванҷ  ҳам  дар  ин  самт  бунёдкориҳои  зиёд  ба назар мерасанд.
Тавре Давлатбибӣ Раҷабова, раиси ноҳия, иброз намуд, симои  маркази ноҳия ва  деҳоти он тайи 27 соли соҳибистиқлолӣ  бо қомат афрохтани иншооти гуногун  комилан дигаргун шуд. Дар  ин  давра дар  ноҳия танҳо бо  маблағгузориҳо аз  Буҷети  давлатӣ  246 иншоот ба маблағи 250 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар онҳо садҳо нафар сокинони  ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардиданд. То  Ҷашни  30 - солагии  Истиқлолияти  давлатӣ  дар  ноҳия  аз  ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои  маблағгузорӣ  сохтмони  боз  105  иншооти  муҳими  иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ  дар  назар  аст. Мардуми   ноҳия  ҳамаи ин созандагиҳоро ба таваҷҷуҳу дастгириҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин сарзамин марбут медонанд.
Ба  гуфтаи  раиси  ноҳия, танҳо  соли  равон дар арафаи таҷлили  ҷашни миллӣ 15 иншооти хурду  бузург мавриди истифода  қарор мегирад. Ин бунёдкориҳо баробари зам намудани зебоӣ ба симои ноҳия барои таъмини садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯзҳо раванди корҳои созандагӣ дар иншооти ҷашнии ҳудуди ноҳия  авҷи тоза касб кардааст.
Имрӯзҳо дар маркази ноҳия сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, Қасри фарҳанг, майдонҳои Нишон ва Парчами давлатӣ, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, навсозию  асфалтпӯшонии роҳҳои марказӣ босуръат идома дорад. Хишти  аввали  аксари  ин  иншоотро  моҳи  августи  соли  2016  ҳангоми  сафари  кории  навбатӣ  ба  вилоят  Сарвари давлат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  гузошта  буданд. Аҳли  шаҳраки  Рохарв, ҳамчунин, ба ободонии атроф ва кабудизоркунӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.  Дар кӯчаи  марказии  шаҳрак бинои сеошёнаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  қомат  меафрозад. Иншооти мазкур аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, бо  ин  мақсад  бештар  аз  8 миллион  сомонӣ  ҷудо  гардидааст. Бо ҷаҳду талоши сохтмончиён имрӯзҳо корҳои рангуборкунӣ ва пардозгарии бино дар арафаи анҷомёбианд. Дар бунёди иншоот 70 нафар коргарон, ки  аксарияташон сокинони  маҳаллӣ  мебошанд, саҳм мегузоранд. 
Дар  наздикии  бинои  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии  ноҳия  сохтмони бинои нави муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии   рақами 4  дар  арафаи  анҷомӣ қарор дорад. Ин  иншоот аз 3 ошёна иборат буда, барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ  шудааст. Барои   бунёди  он  аз ҳисоби буҷети давлатӣ  15 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар  ин  ҷо 86  нафар сохтмончиёни  маҳаллӣ  ба  кор  машғуланд.
Корҳои  сохтмонӣ  дар бинои  Қасри  фарҳанги  ноҳия низ дар  арафаи  анҷомёбианд. Бино дуошёна буда,  онро  меъморони  вилояти  Суғд бо  тарҳи хоссаи меъмории миллӣ  пардоз ва ороиш  медиҳанд. Он дорои толори калони консертӣ, айвонҳо, толори тамрин ва ҳуҷраҳои корӣ буда, шабакаи ягонаи гармидиҳӣ   дорад.   Барои сохтмони  Қасри  фарҳанг  аз ҳисоби буҷети давлатӣ 8,5 миллион сомонӣ равона шудааст.
Айни  замон корҳои азнавсозӣ, васеъ, тахту  ҳамвор  ва  чароғонкунии роҳу  кӯчаҳои  маркази  ноҳия дар доираи нақшаи генералӣ идома  доранд. Бо  ин  мақсад  зиёда аз 13 миллион сомонӣ ҷудо  гардидааст. Дар  ин  ҷо аллакай  қариб  80    дарсади  корҳо  анҷом  дода  шудаанд.
Ҳамчунин, дар шафати роҳи марказӣ бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ  ва соҳибкорону шаҳрвандони саховатпеша майдонҳои Нишони давлатӣ бо баландии 12 метр, Парчами давлатӣ бо баландии 30 метр ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии зиёда аз 10 метр бунёд мегарданд. Раиси ноҳия бунёди майдонҳои Парчаму Нишон ва муҷассамаи Исмоили Сомониро дар ноҳия нишонаи эҳтиром  ба муқаддасоти миллӣ арзёбӣ кард. Ӯ зикр  намуд, ки сокинони  ин  ноҳияи  дурдаст бо  шукргузорӣ  аз  Истиқлолияти  давлатӣ  ва   сулҳу  субот дастуру  супоришҳои  Сарвари  давлат муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмонро  сармашқи  кори  худ  карда,  дар  ободониву  шукуфоии  кишвари  азизамон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ  саҳмгузорӣ мекунанд.
Раҳмони  ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2018    №: 164 - 165    Мутолиа карданд: 519
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед