logo

иқтисод

МУЪМИНОБОД. АФЗАЛИЯТ БА КАРТОШКАПАРВАРӢ

Картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади хоҷагии халқи кишвар буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Муъминобод яке аз ноҳияҳои калонтарини картошкапарварии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, иқлими муътадили он барои парвариши ин зироат хеле мувофиқ аст.
Майдони картошка дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1920 гектарро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода, ҳосили баланди картошка аз интихоби тухмии  аълосифат вобастагии калон дорад. Картошкапарварони ноҳия имсол зиёда аз 4 ҳазор тонна тухмии хушсифати навъҳои хориҷии «Пикассо», «Кардинал», «Жуковский», «Сонбе», инчунин, тухмиҳои ватанӣ кошта, дар натиҷаи коркарди хуби агротехникӣ ҳосили баланд парвариш карда расонданд.
Боронҳои пайдарпайи охири баҳори имсола ҳам барои рӯёндани ҳосили фаровон ва ҳам барои сарфаи об мусоидат намуданд. Метавон гуфт, ки бисёр заминҳои лалмӣ ба обӣ табдил ёфтанд. Ҳоло ҷамъовариву дар анборҳо захира кардани картошка дар хоҷагиҳои деҳқонию ҷамъиятӣ ва инфиродӣ идома дорад. Деҳқонон дар мавсими ҷамъоварӣ аз  техникаҳои ҳосилғундор, аз ҷумла тракторҳое, ки КВДҶ «Агролизинг» ба онҳо туҳфа кардааст, самаранок истифода бурда истоданд. То имрӯз аз 286 гектар замин картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ карда, истеҳсоли маҳсулот ба 6 ҳазору 656 тонна расонда шуд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 260 - сентнериро ташкил дод. Тавре сардори раёсати кишоварзии ноҳия Ҷумъахон Сафарзода зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, имсол барои картошкапарварон соли бобарору пурфайз омад. Новобаста аз он, ки деҳқонон имсол ҳар кило тухмиро бо нархи 3 сомонӣ хариданд, ҳосили баланд хароҷотро барзиёд мепӯшонад ва боз даромади калон меорад. Деҳқонон ҳини парвариши картошка аз нуриҳои минералӣ, пору ва бар зидди ҳашароти зараррасон, хусусан гамбусаки калоридӣ, аз заҳрхимикатҳои сахттаъсир хеле моҳирона истифода бурданд.
Кишоварзони ноҳия дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки имсол истеҳсоли картошкаро ба 50 ҳазору 960 тонна ва ҳосилнокиро аз ҳар як гектар ба 350 - сентнерӣ расонда, дар таъмини амнияти ғизоии мамлакат саҳми арзандаи худро гузоранд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2018    №: 166    Мутолиа карданд: 612
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед