logo

иқтисод

ПИСТАМАЗОР. 50 СОЛИ БЕОБӢ

Сокинони деҳаи Пистамазори Ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш солҳои зиёд аст, ки аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Онҳо аз масофаи 30 - 35 километр бо маркабу аробаю мошин бо сарфи қувваю маблағи зиёд об кашонда меоранд.
Дар ин деҳаи аз маркази ноҳия дур ва релйефаш кӯҳӣ зиёда аз 100 хоҷагӣ сукунат дорад. Бино ба иттилои сокинон, онҳо то моҳҳои апрел - май барои нӯшидан ва корҳои рӯзгор оби боронро тавассути тарнобҳои худсохт дар зарфҳо ҷамъ оварда истифода мебаранд. Аммо имсол бинобар камбориш омадани ҳаво дар минтақаи Бохтар мардуми деҳа ва ҳамсоядеҳаҳо ба қадри кофӣ оби борон ғундошта натавонистанд. Маҳз беобӣ боис гардид, ки мушкили сокинон дар парвариши чорвои хонагӣ зиёд гардад.
Ба қавли Хайриддин Ҳайдаров, бошандаи деҳаи Пистамазор, зиёда аз 50 сол боз онҳо аз ин неъмати бебаҳо, яъне об бенасибанд.
- Қисми бештари даромади моҳонаи оилаи мо барои харидани оби тозаи ошомиданӣ сарф мешавад. Нархи се тонна  об  300 сомонӣ мебошад, ки ин барои мо бисёр вазнин аст, - гуфт ӯ. 
Мавриди зикр аст, ки бинобар дар чуқурии то 200 метр ҷойгир будани оби ширини зеризаминӣ сокинон бо кандани чоҳ танҳо оби шӯр гирифта метавонанд.
Роҳи ҳалли масъала, ба андешаи мо, ин аст, ки масъулони ноҳияи Вахш бояд бо ҷалби соҳибкорони ватандӯст бо нархи арзон барои сокинони деҳаи Пистамазор ва деҳоти атрофи он оби кашонда ташкил кунанд ё аз ҳама беҳтар, як хати қутраш кофии оби ширини зеризаминӣ кофта бароранд.
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2018    №: 166    Мутолиа карданд: 673
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед