logo

иқтисод

САНОАТ. СУРЪАТИ РУШД НАЗАРРАС АСТ

Тибқи маълумоти   Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   дар шаш моҳи соли  равон  дар кишвар 60  корхонаю   коргоҳи  нави саноатӣ  сохта ба истифода  дода шуд ва  дар онҳо 559  ҷойи  нави корӣ  таъсис ёфт. Барои  сохта ба истифода додани    корхонаю  коргоҳҳои  нав,  таъмини  истеҳсолот   бо  таҷҳизоти технологӣ, ҳамчунин,   васеъгардонии фондҳои истеҳсолии   корхонаҳои саноатӣ   зиёда аз 300 миллион   сомонӣ  маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардид.
Корхонаҳои соҳаи  маъдан  ба маблағи   қариб   3 миллиард  сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати рушдро нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта  ба 16,1 дарсад расонданд.  Ҳаҷми маҳсулоти корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 27,3 дарсади маҳсулоти умумии корхонаҳои саноати кишварро ташкил дод.
Ҳиссаи саноати хӯрокворӣ  дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ  ба 20,3 дарсад баробар шуд.   Корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ дар ҳамин давра ба маблағи беш аз  2 миллиарду 100 миллион сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 дарсад зиёд мебошад. Аз давлатҳои хориҷ ба Тоҷикистон 511,5 ҳазор тонна гандум ворид гардида, дар натиҷаи коркарди саноатии он ҳаҷми истеҳсоли орди ватанӣ бамаротиб афзуд, ки дастоварди назарраси   соҳа дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот маҳсуб меёбад.
Зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли орд дар корхонаҳои саноатии кишвар боиси ба андозаи назаррас коҳиш ёфтани воридоти он аз хориҷа гардид.
Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ 26 дарсад (226,3 миллион сомонӣ) ва саноати сабук 44,2 дарсад афзуд. Содироти маҳсулоти тайёри корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар  2,7 дарсад зиёд шуда, беш аз 280  миллион сомониро ташкил дод.
Дар маҷмӯъ коргоҳу корхонаҳои саноатии кишвар ба андозаи беш аз 10,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 17 дарсад зиёд аст.
Иронбӣ  МӮСОЗОДА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2018    №: 166    Мутолиа карданд: 554
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед