logo

сиёсат

ИТТИЛОИЯ

20 август дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлис ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Президент, татбиқу дар амал ҷорӣ кардани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти корҳои ободонию созандагӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахустин сафари давлатии худро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо натиҷаҳои неку назаррас ва бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягӣ анҷом ёфт, натиҷагирӣ карданд.
Таъкид гашт, ки ин сафар бо натиҷаҳои пурсамар дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад. Яке аз натиҷаҳои пурарзиш ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.
Сафарҳои давлатии ҷавобии сарони давлатҳо, имзои санадҳо, баргузории бизнес - форумҳо, намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии кишварҳо, барномаҳои фарҳангии «Шоми дӯстӣ» дар ҳар ду давлат, кушодани 16 гузаргоҳи сарҳадии байниҷумҳуриҳо, барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ, роҳҳои мошингузар, фаъолияти назарраси комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва боз дигар омилҳо имкон фароҳам оварданд, ки халқи тоҷику ӯзбек боз ба ҳам оянд, рафтуомади хешутабориро мустаҳкам намоянд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба саноатчиён, тоҷирону соҳибкорон барои муаррифии намунаҳои беҳтарини молу маҳсулот, дастовардҳои саноатии кишвар дар Намоишгоҳи “Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст” ва ба таҳиягарон, аҳли ҳунару санъати ҷумҳурӣ барои пешниҳоди барномаи бошукӯҳу пурмазмуни консертӣ дар “Шоми дӯстӣ” миннатдории самимии худро иброз доштанд.
Бо дарназардошти муҳимияти натиҷаҳои сафар ва қабули санадҳои муҳими ҳамкорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушду таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ супориш доданд, ки барои татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии имзошуда тадбирҳои амалӣ андешанд.
Супоришҳои дигар вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни умумимиллии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дода шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2018    №: 166    Мутолиа карданд: 531
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед