logo

иқтисод

"ХОҶАИ САБЗ". ХОҶАГИЕ БАРОИ ИБРАТ

Минтақаи Сари Хосорро бо назардошти иқлим ва обу хоку ҳавояш, мавзеи парвариши картошка медонанд, зеро сокинони меҳнатдӯсти ин минтақа ҳамасола ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил мегарданд. Вале парвариши помидору рӯёндани ҳосили баланд навоварӣ дар соҳаи кишоварзии Сари Хосор аст.
Ин иқдом аз ҷониби кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи Сабз», ки роҳбарии онро Моҳинав Раҳмонова ба уҳда дорад, роҳандозӣ гардид. Хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи Сабз» дорои 205 гектар замин, аз ҷумла 25 гектар замини кишт, мебошад. Заминҳои боқимонда чарогоҳанд. Заминҳои хоҷагии деҳқонии номбурда дар ду мавзеи ноҳияи Балҷувон ҷойгиранд. Дар мавзеи Сари Хосор 5 гектар замин ба ин хоҷагӣ тааллуқ дорад. Аз ин миқдор 2,5 гектар замин чарогоҳ ва 2,5 гектар замини кишт мебошад. Роҳбари хоҷагии деҳқонӣ соли гузашта 2 гектар заминро шудгор намуда, ба сокинони деҳаи Мулоконӣ вогузор намуд, то онҳо аз ҳисоби зироаткорӣ сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд. Чаҳор оила замин гирифта, зироаткорӣ карданд ва ба натиҷаҳои хуб ноил шудаанд. Соли равон 17 оила ба хоҷагии деҳқонии номбурда муроҷиат намуд, то ба онҳо қитъаи замин диҳанд. «Хоҷаи Сабз» ба ихтиёри онҳо қитъаҳои алоҳидаи замини шудгоркардаи обиро супорид, то ба зироатпарварӣ машғул шаванд.
Мардуми меҳнатдӯст дар қитъаи замини хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи Сабз», ки мавзеи офтобрӯя мебошад, зироатҳои гуногун -  аксари сокинон помидор коштанд. Айни ҳол ниҳолҳои помидор ғарқи гулу ҳосиланд.
Ҳамчунин, сокиноне, ки аз хоҷагии деҳқонии «Хоҷаи Сабз» заминҳои ройгони иҷоравӣ гирифтаанд, парвариши картошка, карам, каду, қаламфур ва дигар зироатҳоро ба роҳ мондаанд.
Муҳаммади ШОҲ, ноҳияи Балҷувон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2018    №: 167    Мутолиа карданд: 529
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед