logo

туризм

САЙЁҲӢ. ДАР МУАРРИФИИ ТОҶИКИСТОН НАБОЯД БЕТАРАФ БОШЕМ!

Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ яке аз иқдомҳои хирадмандонаву давлатсози Сарвари кишварамон мебошад. Ҷидду ҷаҳд барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кори яксолаи мардумони кишвар нест ва ноил шудан ба комёбиҳои дилхоҳ, пеш аз ҳама, дар байни мардум гузарондани тадбирҳои омӯзишиву маърифатиро  мехоҳад. Маъмурону масъулони ҳокимиятҳои маҳаллӣ, кормандони ҷамоатҳои деҳот, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, рӯзноманигорони расонаҳои хабарӣ ва дигар шахсони ба тарбияи фарҳангиву маънавии ҳамдиёрон сару кор дошта, бояд битавонанд паҳлуҳои нозуки ин ҳаракати умумимиллиро ба омма фаҳмонанд.
Ҷустуҷӯ ва пайдо кардани зарфиятҳои нуҳуфтаи зеҳнӣ, табиӣ ва дигар захираҳои дар Тоҷикистон ниҳонро шахсияте метавонад бурун бароварда, василаи пешравии иқтисодиёт ва зиндагии шоистаи аҳолӣ гардонад, ки аз байни омма бархоста, аз ғаризаи таҳлилӣ - аналитикӣ ва ҷасорати тасмимгирии саривақтӣ бархӯрдор бошад. Ва чунин фазилатҳо хосси Пешвои муаззами мост.
Сайёҳӣ бахши муҳиме аз иқтисодиёт аст ва даромаде, ки аз сайёҳӣ гирифта мешавад, метавонад барои беҳбуди рӯзгори тамоми мардумони минтақа ёрӣ расонад. Рушди сайёҳӣ барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ниҳоят мусоидат мекунад. Ҳоло дар саросари ҷаҳон беш аз 292 миллион нафар дар соҳаи сайёҳӣ машғули кор мебошанд. Яъне, аз ҳар 10 нафари машғул ба кор имрӯз як нафар дар бахши сайёҳӣ машғул мебошад.   Даромадҳои аз сайёҳӣ гирифта дар ҷаҳон соли гузашта ба ҳудуди 82, 7 миллиард доллари ИМА расид, ки нисбат ба соли пешин 30 дарсад афзоиш пайдо кардааст. Арзиши содироти хидматгузории сайёҳӣ, яъне пазириши сайёҳони хориҷӣ дар соли гузашта ҳудуди 1,4 триллион долларро ташкил намудааст ва соҳаи сайёҳӣ, пас аз саноати нафтухимиявӣ ва нафт болотар аз саноатҳое монанди автомобилсозӣ ва маводи хӯрока буда, дар ҷойи сеюм қарор дорад. Соҳаи сайёҳӣ дар айни замон аз нигоҳи нархи рушди сармоягузории хориҷӣ дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекунад. Соли 2016 дар саросари ҷаҳон ба соҳаи сайёҳӣ ҳудуди 806 миллиард доллар сармоягузорӣ шудааст, ҳол он ки дар соли мазкур ба саноати нафту газ танҳо 680 миллиард доллар сармоя ҷалб гардидааст.
Омори дар боло овардаро аз назар гузаронда, гуфтугӯеро бо як марди хориҷӣ, ки 10 сол пеш сурат гирифта буд, мехоҳам ба ёд оварам. Суҳбати мо аслан дар мавриди вопасмониҳои кишварҳои Шарқ буд. Ӯ гуфт: «Худо гирад ин нафти моро! Кош мо нафт надоштем». Инҷониб бо шигифт гуфтам: «Охир, чаро? Нафт мояи пешравиҳо мебошад. Нафт ҳамчун дороии энержӣ тавоноии иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро боло мебарад». Ҳамсуҳбатам гуфт: «Агар нафт намедоштем, гардишгарӣ (сайёҳӣ) рушд меёфт ва кишвари мо бо як суръати баланд пеш мерафт. Мардум  машғули кор мешуданд». Сайёҳии пойдор на танҳо метавонад василаи пешравии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, фарҳангии кишвар гашта, ҳаҷми сохтмони умумӣ ва бунёди роҳҳоро афзоиш диҳад, балки боиси рушди тиҷорати байналмилалӣ мегардад, ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ёрӣ мерасонад, ба беҳсозии шароити иқтисодии занон кумак мекунад, василаи устуворӣ ва рушди саноати дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мегардад.
Коршиносон соҳаи сайёҳиро ба беш аз 30 бахш ҷудо кардаанд, ки аксарияти намудҳои сайёҳӣ дар мамлакати мо метавонад рушду ривоҷи дилхоҳ ёбанд.  Аз ҷумла, ҷаҳонгардӣ, сайру гашт ва истироҳати маданӣ, тамошои ҷойҳои марғуб - кӯҳҳо, кӯлҳо, пиряхҳо, шиносоӣ бо иқлим, расму одатҳои миллӣ, санъати меъморӣ, хӯрокҳои миллӣ, ки дар маҷмӯъ онро сайёҳии экзотикӣ (марғуб) номидаанд. Сайёҳии экологӣ (экотуризм), сайёҳии тандурустӣ - табобатӣ аз обҳои шифобахш, сайёҳии хосси ошноӣ бо осорхонаҳо, сайёҳии илмӣ (кишвари мо, ки яке аз ҷойгоҳи гӯяндагони гурӯҳи забонҳои эронӣ, яъне забони тоҷикӣ мебошад ва бисёре аз воқеаҳои таърихи ҳазорсолаҳои ориёиҳо дар ин сарзамин гузаштааст, барои ховаршиносон, таърихшиносон, забоншиносону адабиётшиносон, иқлим-шиносон, яхшиносон, этнографҳо, қиёфашиносон (антропологҳо) ва дигар пажӯҳишгарон) ниҳоят ҷолиб мебошад. Сайёҳии этникӣ, аз ҷумла ошноӣ бо замини падару бобоён, боздид бо хешовандон ва монанди он, сайёҳии варзишӣ - кӯҳнавардӣ, қаиқсаворӣ дар обҳои кӯҳӣ, сайёҳии динӣ, ки яке аз бахшҳои куҳантарин буда, фарогири зиёрати ҷойҳои муқаддас, мақбара ва гузаргоҳҳои шахсиятҳои таърихии динӣ аст. Чунин ҷойҳо дар Тоҷикистони мо хеле зиёданд. Чунончи дар минтақаи Кӯлоб мақбараҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Султон Увайси Қаранӣ, Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Шоҳи Хомӯш, Имом Аскарӣ, Хоҷа Айюби Ансорӣ, Шақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷиддини Кӯлакӣ ва дигар авлиёҳо ва аҳли тасаввуф ҷойгиранд.
Чуноне дар оғози ин навиштор ёдрас шуд, мардумро мебояд барои пазироии шоиста ва муносибати хосса бо сайёҳон омода кард. Дар баробари бозомӯзии ҳусни муошират ва одоби таоруф мебояд ба ҳолати покиву санитарии хӯрокаи пешниҳодшаванда аҳамияти ҷиддӣ дод, ба монанди нони рӯйи мизи савдоро бо малмал - дока пӯшондан, ҳангоми бо даст доштани маводи хӯрока аз дасткашҳои санитарӣ кор гирифтан, шустану хушк кардани зарфу қошуқ ва дигар афзорҳои хӯрокхӯрӣ ва монанди он. Дар ин ҷо ба таври намуна оши бурида ва атолафурӯшони сари роҳи Душанбе - Кӯлобро (дар ағбаи Шар - Шар) ба ёд меоварам, ки хӯрокаро дар сатилҳои пластикӣ ҷой дода, зарфу қошуқи истифодашударо дар як ташт бо оби хунук мешӯянд.
Ҳангоми ин сатрҳоро рӯи саҳифа овардан, мутаассифона, хабар расид, ки дастаи ҷинояткорони беватану хунхор, ки неруҳои қудратии кишвар онҳоро саркӯбу хору мурдор намуданд, ба сайёҳони дучархасавори хориҷӣ дарафтода, чор нафар аз шаҳрвандони Швейтсария, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Нидерландро кушта, се нафарашонро захмӣ карданд. Ин ҳодисаи нангину мудҳиш андаке арзишҳои ҳазорсолаи меҳмоннавозии миллати тоҷикро доғдор кард. Бубинед, душманони зархариди дохилии моро, ки бо дастури бадхоҳони оромии кишварҳои пасошӯравӣ маҳз ба сайёҳони хориҷӣ дарафтоданд. Ватанфурӯшони манҳус ғаразҳои шумашонро аз рӯи нақшаи сиёҳи дар хориҷа тарҳрезишуда амалӣ карданӣ мешаванд. Дар ин росто, хостанд дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ниятҳои неку поки миллатсозии Сарвари давлати мо садама ворид кунанд. Аммо бо ин кирдори ваҳшиёнаи хеш симои аҳримании худро дар назди ҷаҳониён бори дигар намоён сохтанд ва бояд аз шикасти фарҷомини худ натиҷагирӣ кунанд, ки давлати пойдору устувори тоҷикон аз тавоноиҳое бархӯрдор аст, ки намегузорад то нохалафон такя бар хонаи ободу ороми шаҳрвандонаш гузорад. Сайёҳӣ дар Тоҷикистони ободу зебову шукуфо ҳатман рушд ёфта, мояи пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва мустаҳкам гардидани дӯстии халқҳои ҷаҳон хоҳад гашт.
Зафар МИРЗОЁН, мушовири ректори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2018    №: 168    Мутолиа карданд: 741
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед