logo

сиёсат

ҲНИ ВА ТАМОЮЛҲОИ ТУНДГАРОӢ ДАР РАВАНДИ СИЁСӢ

Оғози давлатдории мустақили тоҷикон бо шиддатгирии равандҳои сиёсӣ – тазоҳуроту табаддулот дар заминаи фалаҷгардии ҳокимияти давлатӣ бо дахолати неруҳои сиёсии хориҷа рост омад. Нақшаи табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон иқдоми ногаҳонӣ набуда, ҳанӯз солҳои 80 - уми қарни XX аз ҷониби тарроҳони хориҷӣ таҳия шуда буд.
Тавре маълум аст, дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ бо кӯшиши гурӯҳҳои манфиатҷӯ вазъият дар мамлакат мураккаб гардида, ҳамоишҳои бомусолимат якбора ба муноқишаҳои яроқнок табдил ёфтанд. Қатли пешвоён, шахсиятҳои фарҳангиву равшанфикрони миллат, таъқиби рақибони сиёсӣ, маҳалгароӣ ва ғасби ҳокимияти давлатӣ шурӯъ гашта, ҷанги шаҳрвандиро ба миён овард, ки ба ин раванд ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ сарварӣ мекард.
Хушбахтона, бо талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ гирифта шуда, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаи нави давлатсозӣ оғоз гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ба низоми сиёсии ҷадид – эътирофи гуногунандешии сиёсӣ, ташкили низоми бисёрҳизбӣ ва порлумони дупалатагӣ ворид гашт. Самараи сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон тавонист, дар муддати кӯтоҳи таърих ба қатори 11 давлати рӯ ба инкишоф шомил шуда, ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ ба маҷрои рушди муътадил ворид гардад.
Рушди бонизоми кишвар ва иттиҳоди миллӣ ба аъзои ТТЭ ҲНИ хуш наомад, ки ахиран ба ҷиноятҳои вазнин, ташкили задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишвар, кӯшиши амалӣ намудани табаддулоти давлатӣ даст заданд. Ҳаракатҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳи террористӣ бо далелҳои қотеъ исбот шуда, ниҳоят 29 сентябри соли 2015 фаъолияти он аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 16 ҳизбу ҳаракати террористию экстремистӣ мамнӯъ эълон гардид. 
Шаҳрвандони фирефташуда ва гумроҳ якояк аз аъзогии ин ҳизби террористию экстремистӣ баромада, саркардаҳояш ба хориҷи кишвар ба назди хоҷагони худ фирор намуданд. Имрӯзҳо ТТЭ ҲНИ бо зиёда аз 20 ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳу ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ба монанди «Ҳаракати исломии Туркистони ғарбӣ», «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ Ҳаракати исломии Ӯзбекистон), «Ихвон - ул - муслимин», «Ҳизб - ут - таҳрир», «Ҷамоати Ансор - ул - лоҳ», «Салафия», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат - ун - Нусра», ҳамкорӣ дошта, аъзои он бо амалҳои ифротию террористии худ дар амри ангезиши зиддияти фарҳангу тамаддунҳо, давлату миллатҳо ва мардуми осоишта талош меварзанд. Ташкили ҳамоишҳо дар Дортмунди Олмон (моҳи июли соли 2018), нишастҳои матбуотӣ ва эълони ҷанги иттилоотӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва дигар расонаҳои иттилоотӣ бозгӯи ин иқдоманд. Гузашта аз ин, зиёда аз 1000 нафар аъзои ҲНИ дар муноқишаҳои Сурия, Ироқу Яман, Афғонистон ва Фаластин иштирок дошта, ҳамарӯза таҳдиди вуруд ба Тоҷикистонро доранд.
Хайрияҳои ТТЭ ҲНИ, ки асосан аз ҷониби ташкилотҳои ғайриҳукуматии хориҷа маблағгузорӣ мешаванд, ҳамасола барои ташкилу баргузории чорабиниҳои зидди Тоҷикистон ва суботи ҷомеаи он равона мегарданд. Ин аст, ки аз соли 2017 дар фазои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ТТЭ ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ дар қатори 500 ташкилоти террористӣ эътироф  гардида, аъзои он дар ҷустуҷӯи ҷиноятӣ қарор доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар суханрониҳои худ иброз намуданд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифин имзо шуда, бо ТТЭ ҲНИ ҳеҷ рабте надорад.
ТТЭ ҲНИ ҳамчун неруи сиёсӣ аз лаҳзаи ташкилёбиаш дорои консепсия ва ё назарияи пешнавиштае набуда, фалсафаю ҷаҳонбинӣ ва ҳадафу ормони мустақили худро доро набуд. Ҳатто, аз рӯзи расман эътироф шуданаш ҳамчун ҳизби сиёсӣ мавриди интиқоди сахти рӯҳониёни бонуфузи кишвар оид ба ҳизб эҳтиёҷ надоштани ислом ё худ гирифтани вожаи «ислом» аз номи ҳизб гардида буд.
ҲНИ нахуст чун гурги дар пӯстини гӯсфандбуда, ҳамчун як созмони ислоҳотхоҳи иҷтимоӣ солҳои 90 - уми асри гузашта дар Тоҷикистон ба майдони сиёсат омада, бо мурури замон ба як неруи сиёсии низомӣ ва ниҳоят ба ташкилоти террористию экстремистии  фаромиллӣ табдил ёфт.
Тамоюли сиёсикунии ислом тибқи дурнамои ин гуна мамолик, ташкилот ва корпоратсияҳои фаромиллии исломӣ ба мақсад ва манфиатҳои исломӣ хос набуда, сабаби «исломҳаросӣ», пастшавии нуфузу шуҳрати олами ислом ва вазниншавии ҳаёти мусулмонон дар рӯи Замин гаштааст.
Баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ - тадқиқотӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон - ул - муслимин» дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср (1 августи соли 2018) бозгӯи ба неруи террористии байналмилалӣ табдил ёфтани ин гурӯҳҳо буда, тибқи банди 5 қатъномаи он аз Эрон дахолат накардан ба корҳои дохилии мамлакатҳои арабӣ ва дигар кишварҳои хориҷӣ, бахусус Тоҷикистон, худдорӣ аз дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии созмонҳои террористӣ ба мисли «Ихвон - ул - муслимин» ва ҲНИ, эҳтироми истиқлолияту соҳибихтиёрии кишварҳо талаб карда шудааст.
Новобаста аз таҳдиду ҳаракатҳои тундгароёнаи ТТЭ ҲНИ итминон дорем, ки сулҳу субот ва ваҳдату якдилии тамоми халқи Тоҷикистон бебозгашт буда, халқи мо бо фарҳанги таҳаммулгаро ва ҷаҳонгири тоҷикона, бо маърифат ва номусу шарафи тоҷикона, бо азму талошҳои пиру барнои Ватан ва тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё, бо иродаву раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеи геополитикӣ ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад!
Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров,
доктори  илмҳои таърих, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2018    №: 169    Мутолиа карданд: 623
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед