logo

туризм

РӮШОН. ВАЗЪИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ НИГАРОНКУНАНДА АСТ

Имрӯзҳо дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, барои ривоҷу равнақи туризм, фароҳам овардани инфрасохтори муосир ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бешак, Бадахшон бо табиати нотакрораш худ диққати сайёҳони зиёди дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб месозад. Ҳарчанд дар ин амр, тайи соли равон, дар вилоят корҳои зиёде ба сомон расида бошанд ҳам, баъзе камбудиҳо ба назар мерасанд. Масалан, дар ноҳияи Рӯшон, ки бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва олами рангоранги набототу ҳайвонот дорои имкониятҳои васеи пешрафти соҳаи сайёҳӣ мебошад, чунин норасоиҳо ҷой доранд. Бахусус, вазъи ёдгориҳои бостонӣ ногуворанд. Алҳол дар ноҳия қариб 70 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст, вале аксари онҳо таъмирталабанд. Аз ҷумла, дар деҳаи Дерзуд 7 ёдгорӣ – Чашмаи Шоҳносир, Остони Сабзпӯш, Остони Бобоалишоҳ, Мазори Бобоалишоҳ, Мазори Мир Манзаршоҳ, Остони Панҷаи Шоҳ, Ҷамоатхонаи таърихӣ ҷойгиранд, ки аксарияташон аз бетаваҷҷуҳӣ сол ба сол вайрону валангор гардида, қисме ба чарогоҳ табдил дода шуда, бахше талаву тороҷ ва, ҳатто, бенишон гаштаанд. Аз қалъаҳои Савноб, Рошорв, Нисур ва Ҷизев сангтӯдаю деворҳои фурӯрафта боқӣ монда, аз қалъаҳои Шидз ва Емс бошад, нишоне нест.
Вазъи маҷмааи Қалъаи Вамар, ки аз муҳташамтарин ёдгориҳои бостонии Рӯшонзамин мебошад низ, нигаронкунанда аст. Мувофиқи маълумоти рисолаи «Ҳокимони Қалъаи Вамар» (таълифи Бовар Сӯфизода ва Қиматшоҳ Исматзода, соли 1949), Қалъаи Вамар дар давраи Шоҳтолиби Сармаст (дарвеши нимафсонавии қарни Х милодӣ) сохта шуда, соли 1684 навсозӣ гардидааст… Соли 1843 сохтмони қалъа бо фармони  ҳокими Рӯшон Сулаймонхон дар майдони 1,5 гектар  аз нав  оғоз шуда, тӯли се сол идома ёфт... Қалъа 3 дарвоза, 1 тӯпхона, зиндони дуқабатаи зеризаминӣ ва дар зери  дарахти чанор чоҳи обдузд (рахнаи ноаёни зеризаминӣ, ки об ба он фурӯ меравад) дошт. Боғи сарсабзи онро беш аз 100 намуд дарахтони сояафкану ороишӣ ва  баҳрадор зинат медоданд. Дар саҳни қалъа майдони васеъ бо номи Ригакмайдон (майдони регзор) мавҷуд буд, ки ҷойи баргузории  ҷашну маросимҳо ва бозиҳои миллӣ, аз қабили гӯштигирӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ, чавгонбозӣ ва ғайра будааст…».
Боиси таассуф аст, ки аз боғу майдон, дарвозаю тӯпхона ва чоҳу зиндони қалъа ба ҷуз ном  нишоне намондааст. Давоми даҳ соли охир гирду атрофи қалъаро сокинони маркази ноҳия тибқи қарору дастурҳои масъулин аз худ намуда, ба хонаю ҳавлӣ ва боғу полизии хусусӣ табдил доданд. Имрӯз фақат қисмати пеши қалъа барои таъмиру азнавсозӣ нигоҳ дошта шудааст. Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азнавсозии Қалъаи Вамар маблағи муайяне ҷудо гардида, ҶДММ «Акмал» ба таври ҷузъӣ корҳоеро низ анҷом додааст. Аз ҷумла, девору манораи пешорӯйи қалъа андаке таъмир шуданд, вале ҳоло ҳам вазъи он нигаронкунанда мебошад.
Дар баробари ин, дар ноҳия боз даҳҳо иморату иншооти таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки агар солҳои наздик барои ҳифзи онҳо чораҳои зарурӣ андешида нашаванд, пурра аз байн рафтанашон мумкин аст. Масъалаи дигари муҳим набудани осорхона дар ноҳия мебошад. Рӯшон ҳамчун диёри фарҳангхезу соҳиби фарзандони барӯманд, шояд дар кишварамон ягона ноҳияе бошад, ки ба истиснои як - ду хонамузеи шахсӣ, то ҳанӯз осорхона надорад.  Агар маъмурину масъулини ноҳия баҳри ҳифзи Қалъаи Вамар, ҳамчун ёдгории бузурги таърихӣ, талош меварзиданд ва  онро чун Қалъаи Ҳисор ба як макони тамошобобу диданӣ, ҷойи баргузории  ҷашну маросимҳо ё ба  осорхонаи таърихию фарҳангӣ мубаддал гардондан саъю кӯшиш мекарданд, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ туҳфаи камназир маҳсуб мешуд. Бинобар ин, аз ҷониби масъулин дар баробари чунин як фурсати муносиб набояд камҳавсалагию бепарвоӣ зоҳир шавад.
Мафтун ҚИМАТШОЕВ,
корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 737
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед