logo

туризм

ДУШАНБЕ - ШАҲРИ САЙЁҲӢ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, қарор дар бораи «Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 - 2020» - ро ба тасвиб расонд. Барномаи мазкур бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 «Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020» ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе қабул гардидааст.
Тибқи иттилои раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр, дар асоси  қарори мазкур сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахт пешбинишуда ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур дар соли равон 67000 сомонӣ ҷудо намояд. Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъули татбиқи барнома мебошад.
Ҳоло Душанбе бо биноҳои хуштарҳу замонавии хосси миллӣ, кӯчаҳои ҳамвор, хиёбонҳои сабзу хуррам, фазои орому осоишта, марказҳои гуногуни хизматрасонӣ ва меҳмонхонаҳои сатҳи олӣ ба макони дӯстдошта ва писандидаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ мубаддал гардидааст. Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди пойтахт, ба истифода додани истгоҳҳои замонавӣ дар хиёбонҳои марказӣ, сохтмони чорроҳаҳои сесатҳа ва дигар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки ба шарофати истиқлолияту ваҳдати миллӣ имконпазир гаштанд, барои пешрафти бахши сайёҳӣ мусоидат намудаанд. Ҳамчунин, феълан тамоми муассисаҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе - китобхонаву осорхона ва боғҳо ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид карда шудаанд.
Чанде пеш Душанбе - пойтахти кишвар ба қатори даҳгонаи шаҳрҳои дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиб дар байни шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.
Хотиррасон    менамоем,  ки    соли    2018    дар    Тоҷикистон  аз  ҷониби   Асосгузори   сулҳу  ваҳдати    миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Сарпарастии соҳаи мазкурро Рустами Эмомалӣ бар уҳда дорад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2018    №: 170    Мутолиа карданд: 619
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед