logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ ШОҲКОРӢ ТО САДОҚАТ БА ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ҳақиқати таърихист, ки барои дилхоҳ миллати мубориз ва озодипарвар истиқлолият неъмати гаронарзиш, сарвати муқаддас ва рамзи ҳастии пуршараф ба ҳисоб меравад. Посдории арзишҳои маънавӣ ва асолати миллӣ низ ба шарофати истиқлол имконпазир буда, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таъмини бақои бардавоми давлат низ аз баракати соҳибихтиёрӣ ва мустақилият ба даст меоянд.
Аз ҳамин дидгоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо мавридшиносона ва ҳақнигорона таъкид доштанд, ки «Истиқлолияти давлатӣ ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард».
Ин андешаи хирадварзонаи Пешвои муаззами миллат, ки нақши истиқлолиятро дар самти ҳувиятсозии бештари миллӣ ва заминасозии ваҳдати фарогиртар муҳим ва барҷаста медонанд, ишораи нуктабинона ба ду ҷанбаи калидии Истиқлолияти давлатист.
Дуруст аст, ки имрӯз дар мавзӯи истиқлолият дар байни аҳолӣ, бо истифода аз минбарҳои суҳбату вохӯриҳо, конфронсу ҷаласаҳо, ҷамъомаду маҳфилҳо ва воситаҳои ахбори омма суханрониву баёни андеша ва афкори ватанхоҳона зиёд аст, ки ҷойи қадрдониву баҳогузории шоиста мебошад. Аммо, ба ақидаи инҷониб, хати марказии фикру ақидаи ҳар яки мо роҷеъ ба Истиқлолияти давлатӣ ва нақши муҳими он дар сарнавишту бақои миллат бояд аз суханони пурмазмуни Пешвои миллат перомуни Истиқлолияти давлатӣ сарчашма гирад, ки зимни маърӯзаву нутқҳои пурмуҳтавои хеш баён доштаанду дар чандин китобҳояшон низ ба табъ расидаанд. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, балки поягузори Истиқлолияти давлатӣ низ ба шумор мераванд. Бақои миллат, пойдории Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, ноил гардидан ба муҳимтарин дастоварди он – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳсули хиради бузург, талоши ватандӯстона, ташаббуси ҷасоратмандона ва иқдомоти таърихсозонаи Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Садоқат ва самимияти хосси Пешвои миллат нисбат ба мафҳуми истиқлолият ва муқаддас будани он аз суханрониҳояшон бармеояд, ки ҳамеша ифтихормандонаву сарфарозона истиқлолиятро «неъмати бебаҳои таърихӣ», «шарти ҳастиву бақои миллат», «кафили фардои дурахшон», «муқаддастарину азизтарин неъмат», «рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ», «нишонаи бақову пойдории давлат» ва «рӯйдоди бузурги таърихӣ» эълон дошта, ҳамагонро бо муттаҳидиву сарҷамъӣ ва ҳушёронаву зиракона барои ҳифзу таҳкими Истиқлолияти давлатӣ даъват менамоянд.
Дар маҷмӯъ, метавон асосноку бобунёд хулоса намуд, ки ҳама азму талош ва кӯшишу ҳиссагузории беназири Пешвои миллат дар ҷодаи поягузорӣ ва таҳкимбахшии Истиқлолияти давлатӣ тавассути эҷоди фазои сулҳ, эъмори низоми ҳуқуқӣ ва қонунӣ, эҳёи иқтисод ва таъмини рушди устувор, беҳбудии сатҳи иҷтимоии шоиста, боло бурдани эътибори байналмилалии Тоҷикистон ба навъи худ шоҳкории азими қаҳрамонона буда, арзиш, мақом ва моҳияти барҷаста ва абадии таърихӣ дорад.
Суҳроб  РӮШАНЗОДА,
раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2018    №: 171    Мутолиа карданд: 610
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед