logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ "КӮЛИ ҶАВОНОН" ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Шоми 28 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», ки баъди навсозӣ ба як макони дилфиреби сайру тамошо табдил ёфтааст, иштирок намуданд.
Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, бо гузашти солҳо ин мавзеъ, атраксионҳо ва  дигар дастгоҳу таҷҳизоти дилхушии кӯдакон корношоям гардида, ба навсозии пурра эҳтиёҷ доштанд.
Корҳои навсозӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида, бо назардошти талаботи замони муосир дар ҳудуди иншооти мазкур ниҳоли дарахтони нодири сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонда шуданд ва девору роҳравҳо сафолакпӯшу соҳили кӯлу атрофи боғ пурра навсозӣ гардиданд.
Ҳудуди боғ 3,5 гектарро ташкил дода, дар ҷараёни корҳои навсозӣ зиёда аз 15 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш ва 18 ҳазор метри мураббаъ майсазор гардонда шудаанд. Барои чароғонкунии боғ 267 сутунпояи аз 3 то 12 метра насб намуданд.
Барои сарсабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди боғ зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонда шуда аст.
Се навъи гулҳои мавсимӣ, дар маҷмӯъ зиёда аз 400 ҳазор бех муҳити боғро зебою назаррабо гардондаанд.
Як фаввораи бузурги бо мусиқӣ танзимшаванда ва ду фаввораи хурд бо рӯшноии чароғҳои ранга муҳити атрофро  ҷаззоб месозанд. Дар боғ таваққуфгоҳ барои 70 мошин ва бинои нави маъмурӣ сохта шудаанд.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои навсозии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки ин Ватанро танҳо метавон бо садоқату вафодорӣ ва хизмати содиқона пойдору пешрафта гардонд.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Душанбе даҳҳо чунин иншооти истироҳатию фароғатӣ бунёд ва навсозӣ карда, дар онҳо барои сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.
Мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳри Душанбе бо зебоии хоссаашон диққатҷалбкунанда буда, ба макони сайру гашт ва истироҳати доимии сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтаанд.
Фаввораҳои зебою дилфиреб, гулу буттаҳои рангорангу назаррабо ва дарахтони нодири ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ ба боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳусни нотакрор бахшидаанд. Барои истироҳати сокинону меҳмонон дар ин боғ 70 адад курсиҳои гуногун, гӯшаи алоҳидаи табиати кишвар ва олами вуҳуш ташкил карда шуда, ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо ва ҳайвонот ҳудуди иншооти мазкурро диққатҷалбкунанда намудаанд.
Дар боғ майдонча барои бозии кӯдакону наврасон бунёд ва барои машқҳои шиноварию саёҳат дар об 20 заврақи замонавӣ дастрас шудааст, ки аз ин шароити  фароҳамовардашуда  табъи сокинону меҳмонон, бахусус кӯдакону наврасон болида мешавад.
Шомгоҳон боғ бо чароғҳои ранга, фаввораҳои дилфиреб ва навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ басо зебою назаррабо мегардад.
Вусъати бесобиқаи тадбирҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Душанбе тайи солҳои охир имкон фароҳам овардааст, ки бо бунёд ва навсозии иншооти гуногун симои пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе куллан тағйир ёфта, дар мавзеъҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонон хизмат-расонии босифат ба роҳ монда шавад.
Дар кӯтоҳтарин муҳлат кӯчаву хиёбонҳо, мавзеъҳои фарҳангию фароғатӣ ва гулгаштҳо дар шаҳри Душанбе комилан навсозӣ шуда, барои баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» минбаъд бо шароити мусоиди истироҳату фароғат дар хизмати сокинону меҳмонон қарор гирифта, ба ҷойи дӯстдоштании онҳо табдил хоҳад ёфт.

 

 

 

 

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.08.2018    №: 171    Мутолиа карданд: 586
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед