logo

сиёсат

МАРОСИМИ СУПУРДАНИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурданд.
Қабл аз оғози маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиронро ба муносибати фарорасии Ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва рутбаҳо самимона табрик гуфтанд.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки мо ба шарофати ваҳдату сарҷамъии халқи тоҷик ҳар як хиштро барои бунёди ин давлат бо дастони худ гузоштаем. Ҳар як амали созандаи мо ин ояндаи худи мо, ояндаи фарзандони мо ва наслҳои ояндаи халқамон мебошад.
Таъкид гардид, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳама гуна амалҳои созандаро истиқбол намуда, барои дастовардҳо ва хизматҳои шоён подоши мувофиқро дареғ намедорад. Сарфарозгардонӣ бо мукофоти давлатӣ шакли олии қадрдонӣ мебошад.
Имрӯз дар маросими навбатии супурдани мукофотҳои давлатӣ омӯзгорону табибон, аҳли фарҳангу санъат, коргарону сохтмончиён, соҳибкорон ва хизматчиёни давлативу ҳарбӣ буданд, ки дар соҳаҳои гуногун бо садоқат ба давлату миллат заҳмат мекашанд.
Президенти мамлакат аз саҳми шахсии ҳар як нафари соҳиби мукофоти давлатӣ гардида дар пешрафти кишвар дар даврони 27 соли соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки мардуми кишвар 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои аз ин ҳам арзанда истиқбол мегиранд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат ба ифтихори Ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолони кишвар ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи 2, ордени “Дӯстӣ”, ордени “Шараф" дараҷаи 2, унвонҳои фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон”, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, "Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон", "Корманди шоистаи Тоҷикистон", медали “Хизмати шоиста”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени “Спитамен” дараҷаи 2, ордени “Шараф” дараҷаи 2, медали “Ҷасорат”, медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон”, ба хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мудофиа, амният, суд ва агентиҳо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, ба олимони ҷавон Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2018, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 тақдим карда шуданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти арзандаву самаранок дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Рустами Эмомалӣ - раиси шаҳри Душанбе бо ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи 2 сарфароз гардид.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дигар фаъолони касбу кори гуногун бо мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ гардиданд. 1 нафар бо ордени “Дӯстӣ”, 10 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи 2, 1 нафар бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон”, 1 нафар бо унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон”, 2 кас бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 18 нафар бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 64 нафар бо медали “Хизмати шоиста”, 4 нафар бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қард шуданд.
Барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ - 4 нафар бо ордени “Спитамен” дараҷаи 2, 5 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи 2, 12 нафар бо медали “Ҷасорат”,10 кас бо медали “Хизмати шоиста” ва 1 нафар бо медали “Марзбони шуҷои Тоҷикистон” қадр гардиданд.  19 нафар бо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, аз қабили генерал -  полковники хизмати дохилӣ, генерал - майори гвардия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2, генерал - лейтенанти адлия, генерал - лейтенанти милитсия, 2 нафар бо рутбаи генерал - лейтенант, 4 нафар бо рутбаи генерал - майори милитсия, генерал - майори хизмати назорати маводи нашъаовар, генерал -  майори адлия, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3, генерал - майори адлия ва 3 нафар бо рутбаи навбатии генерал – майор сазовор шуданд.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2018, 3 нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2018 ва 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 қадр гардиданд.
Дар анҷоми маросими бошукӯҳи мукофотсупорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ шуданд, ба ифтихори Ҷашни бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу карданд.
Пешвои миллат бо итминон иброз доштанд, ки ҳамаи онҳо дар оянда низ тамоми донишу таҷрибаи худро барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу суботи ҷомеа, саҳмгузорӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ва дигар ҳадафҳои  бунёдкорона равона месозанд.

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.08.2018    №: 172    Мутолиа карданд: 848
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед