logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ХУРШЕДИ БЕҒУРУБ

Мову Шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва парокандашавии миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Пас аз заволи давлати бузурги Сомониён, ки тоҷиконро муттаҳид ва рушди илму адаб ва забони миллиро таъмин намуда буд, миллати соҳибтамаддуни мо солҳои тӯлонӣ аз баракати давлатдории миллӣ бебаҳра монд. Пас аз таҳаммули ҳазорон дарду ранҷи таърих, билохира 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид ва зарур буд, ки ҳамаи мо сарҷамъона баҳри эъмори давлатдории миллӣ талош варзем. Мутаассифона, бо сабабҳои мухталифи сиёсӣ, ки сарчашма ба иғвои душманони дохилию хориҷӣ доштанд, нооромиҳои ҷамъиятӣ сар  зада,  сабабгори  заиф шудани пояҳои давлатдорӣ, аз фаъолият бозмондани аксар сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳатто оғози ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд.
Дар чунин даврони сарнавиштсоз, ки хатари парокандагию заволи аркони давлат моро таҳдид мекард, нафаре лозим буд, ки хуршеди истиқлолиятро аз зери абрҳои тираи ҷаҳолату маҳалгароӣ ва мансабхоҳӣ берун оварад. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадияи Илоҳӣ ба миллати тоҷик зимоми давлатро ба даст гирифтанд. Аввалин сухане, ки дар замони яъсу ноумедиҳо аз забони Сарвари давлат садо дод ба қалби миллионҳо тоҷику тоҷикистонӣ нури умед бахшид: “Ман ба шумо сулҳ меорам!”.
Баъд аз истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат ҳамчун марди қавлу амал маҳбуби дилҳо гардида, истиқлолият ва ягонагии миллату давлат ҳифз, пояҳои фалаҷгаштаи ҳокимият барқарор ва рушди бонизоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат таъмин шуд.
Бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва нақбу роҳҳои пайвандгар, таъсиси корхонаҳои гуногун, сохта  ба истифода додани садҳо  мактабу беморхона, донишгоҳу донишкада ва  марказҳои илмию фарҳангӣ, симои нав касб кардани пойтахт ва ҳамаи шаҳру  навоҳии  мамлакат  ва  аз  ҳама  муҳим тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аз ҷумлаи неъматҳои пурфайзи Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ҳама дастоварду пешрафт ва рушди рӯзафзуни мамлакат итминон мебахшад, ки хуршеди Истиқлолияти давлатии мо беғуруб ва файзу баракати он беинтиҳост. Пас, ҳамаи мо, махсусан насли даврони истиқлолро зарур аст, ки ба қадри чунин неъмати бузург бирасем ва аз доштани озодию иттиҳод шукргузорӣ намоем.
Акобир ИЗЗАТУЛЛОЗОДА,
прокурори ноҳияи Мастчоҳ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2018    №: 174    Мутолиа карданд: 653
28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед