logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ОЗОДӢ ВА АРЗИШҲОИ ДИНӢ

Дар давоми 27 - соли Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дохиливу хориҷии кишвари мо муваффақиятҳои беназир ба даст омаданд. Кулли бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат рӯ ба рушд ниҳода, саодати рӯзгори мардум таъмин гардид.
Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки мардуми шарафманди тоҷик дар бахши дину диёнат низ аз озодиҳои фаровон бархӯрдор бошанд ва фароизи диниро бе ҳеҷ монеа иҷро намоянд. Агар ба рақамҳо таваҷҷуҳ намоем, шароити мусоиди диндорӣ дар Тоҷикистон ба сурате шакл гирифтааст, ки дар дигар давраҳои таърихӣ вуҷуд надошт. Аз ҷумла, агар замони шӯравӣ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон 17 масҷид амал мекард, имрӯз ин рақам дар мамлакат наздик ба чаҳор ҳазор аст, ки қобили мулоҳиза мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки дар замони қабл аз истиқлолият дар Тоҷикистон таълими динӣ қариб вуҷуд надошт. Танҳо баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Донишкадаи исломии Тоҷикистон созмон ёфт, ки феълан садҳо толибилм дар ин боргоҳи таълимӣ ҳам илми динӣ меомӯзанду ҳам улуми дунявӣ. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Қуръони карим ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуда, дастраси мардум гардид. Гузашта аз ин, даҳҳо китобҳои динӣ, аз ҷумла тафсири Қуръон, Ҷоми – ус - Саҳеҳи Имом-ал-Бухорӣ, китобҳои фиқҳӣ ва ақидавии аҳли суннат ба нашр расиданд, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз дар масоили динӣ ва мазҳабии худ аз ин китобҳо истифода мебаранд.
Ба ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи уламои ислом таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад, ки дар садри чунин арҷгузориҳо Президенти маҳбуби кишвар қарор доранд. Аз ҷумла, бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат соли 2009 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти Имоми Аъзам- пешвои мазҳаби мо эълон гардид, ки ин иқдом боиси эҳтироми зиёди олами ислом ба Тоҷикистон гардид.
Мардуми шарифи тоҷик хуб медонанд, ки дар замони шӯравӣ аз Тоҷикистон як нафар ба сафари ҳаҷ мерафт, ҳатто баъзе солҳо ҳамон як нафар ҳам рафта наметавонист. Ҳоло бошад, ҳар сол аз Тоҷикистон зиёда аз шаш ҳазор зоирин барои адои маносики ҳаҷ ва зиёрати равзаи Расулуллоҳ (с) ба Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара сафар мекунанд. Қабл аз истиқлолият мардум ду намози идро дар ҳавлиҳо ё оромгоҳҳо бо тарсу ҳарос мехонданд. Вале, имрӯз Иди саиди Фитр ва Қурбон дар қонунгузории мамлакат ҳамчун иди расмӣ эътироф шуда, рӯзи истироҳат эълон гардидааст, ки нишони эҳтиром ба арзишҳои динӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо, бахусус ходимони динро зарур аст, ки ба қадри ин неъматҳо бирасем ва дар ин замони пурошӯб бо дастгирӣ аз сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзишҳои истиқлолият ва ваҳдати миллиро ҳифз намоем.
Ҳ. МӮСОЗОДА, шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2018    №: 175    Мутолиа карданд: 607
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед