logo

туризм

ФОН. АСРОРИ КӮҲҲО

Табиати Тоҷикистони азизи мо биҳишти рӯйи Заминро мемонад. Махсусан, шукӯҳу шаҳомати кӯҳҳои Тоҷикистон тасхиркунандаи қалбҳоянд. Эълон гардидани соли 2018 Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам шуҳратёр гардидани мавзеъҳои нотакрори сайёҳии кишварамон муосидат мекунад, зеро бо мақсади ҷамъбасти муносиби ин соли таърихӣ чорабиниҳои зиёде амалӣ гардида, ҳамчунин, нақшаҳои бисёре бояд татбиқ шаванд.
Кӯҳҳои Фони ноҳияи Айнӣ яке аз мавзеъҳои ҷолибу ниҳоят зебои кишвари мост. Махсусан, кӯли Аловуддин, ки онро Ҳафткӯли Айнӣ низ ном мебаранд, беназир аст. Ҳар сайёҳе, ки аз хориҷ ва ё дохили кишвар ба тамошои кӯҳҳои Фон меояд, дар майдони истироҳатии кӯли Аловуддин муъҷизаеро дида, аз зебоиву дилрабоии ин макон ба ваҷд меояд.
Ду санги мармарӣ, хотира аз дӯстдорон – ошиқону дилбохтагони кӯҳҳои Фон – яке ҳунарпешаи маъруфи синамо, мусиқинавоз Юрий Визбор ва дигаре Арафева Руфина Григоревнаи москвагӣ – бунёдгузори лагери истироҳатии кӯҳнавардҳои кӯли Аловуддин, дорандаи ордени “Эделвейс”, намунаи барҷастаи тасхиркунандаи қалбҳо будани ин макони беназири сайёҳӣ мебошад.
“Я сердце оставил в Фанских горах,
Теперь бессердечый брожу по равнине...”.

месуруд шодравон Юрий Визбор, ки ин суруд имрӯз чун гимни сайёҳону кӯҳнавардони ин мавзеъ маъруф гардидааст. Ӯро дӯстдорони синамо аз филми машҳури “Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор” (“Семнадцать мгновений весны”) дар нақши Борман хуб дар ёд доранд. Руфина Григоревна, корманди илмии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов, солҳои тӯлонӣ роҳбарии лагерро ба уҳда дош-та, мавсими тобистонро ин ҷо мегузаронд. Ӯ соли 2015, пеш аз фавташ васият кардааст, ки ҷасадашро сӯзонда, хокистарашро дар кӯҳҳои Фон пош диҳанд, то абадан ин ҷо бошад... Пайвандонаш васияташро иҷро карданд. Чунин дилбастагии як хориҷӣ далели зебою нотакрор будани ин сарзамин аст.
Манзараҳои нодиру дидании кӯҳҳои Фонро аксар сайёҳони олам орзуи дидан доранд, зеро замоне дар кӯҳи Пиндари ҳудуди Ҷамоати деҳоти Анзоб ва кӯҳи Чимтарғаи ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фондарё мусобиқаҳои байналмилалӣ гузаронда мешуданд. Кӯҳистон дар қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор дар масофаи 120 километр аз шаҳри Душанбе ва 170 километр аз шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент ва Мастчоҳи Кӯҳӣ ҷойгир аст. 
Соли 2014 Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ кӯҳҳои Фонро ба рӯйхати “Беҳтарин макони сайёҳӣ” ворид намуд, ки ин ҳам боиси ифтихори мост, зеро ба ин рӯйхат бо назардошти чандин омилҳои мусоидаткунанда ворид месозанд. Дар ҳақиқат, зебоии хоси қаторкӯҳҳо, ҳар як шахбандии кӯҳ, кӯлҳои заррини хурду бузург, арчазори дилкаш ва оби чашмаҳои мусаффои ин макон нотакрор аст.
Бояд ёдовар шуд, ки кӯҳҳои Фон дар қатори майдони доирашакли Остонаи Қазоқистон, Иссиқкӯли Қирғизистон, Гӯри Амири шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, шаҳри Ашқободи Туркманистон аз мавзеъҳои диданибоби минтақаи Осиёи Марказӣ меистад ва диққати ҳазорон ҳазор сайёҳро ба худ ҷалб мекунад. Мардуми заҳматқарину меҳмондӯсти ин дараи зебоманзар аз вуруди сайёҳон хушҳоланд ва хушнудона мегӯянд:
“Марҳамат, ба кӯҳҳои пурасрори Фон!”.
Муҳаммадносири НАСРУЛЛО,
сармуҳаррири рӯзномаи “Меҳнат” - и ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2018    №: 180    Мутолиа карданд: 659
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед