logo

туризм

ИСКАНДАРКӮЛ. АЗ РИВОЯТ ТО ҲАҚИҚАТ

Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбафалак, табиати биҳиштосо, рӯду чашмаҳои мусаффо ва кӯлҳои афсонавиаш дер боз мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ гардидааст. Далели ин амр сол ба сол афзоиш ёфтани ташрифи ҷаҳонгардони хориҷӣ ба кишвари зебоманзари мо мебошад.
Яке аз кӯлҳои афсонавие, ки сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст, ин Искандаркӯл мебошад, ки дар атрофи он ривоятҳои гуногун мавҷуданд. Дар бораи пайдоиши кӯл ду ривоят то ҳол мавриди баҳси олимону коршиносон қарор дорад, ки ҳамагонро ба дидани ин кӯл мебарад. Тибқи як ривоят, Искандари Мақдунӣ дар вақти юриши худ бо деҳае рӯ ба рӯ шуд, ки сокинонаш таслим шудан намехостанд. Ӯ фармон дод, ки маҷрои дарёҳоро ба ҳамин деҳа равон кунанд ва дар натиҷа ин кӯл ташаккул ёфта, номи Искандаркӯлро гирифт.
Тибқи ривояти дигар, дар вақти таваққуф дар соҳили кӯл аспи Искандар - Бутсефал оби яхи кӯлро истеъмол карда зуком мешавад. Пас аз чанд рӯз сиҳат ёфта, Бутсефал дар соҳили кӯл ҳангоми чаридан ногаҳон садо баланд карда, ба харсанги баландтарин баромада, худро ба оби кӯл сарозер кард. Ҳарчанд кӯшиш карданд, то онро пайдо намоянд, вале бенатиҷа буд. Искандар андӯҳгин шуда, якчанд рӯз интизор шуд, сипас, аспбонон ва афсаронро дар назди кӯл монда, худ бо қӯшунҳо сафарашро идома дод. Аз ҳамон давра сар карда, гӯё ҳар айёми бадр Бутсефал аз қаъри кӯл мебарояд…
Искандаркӯл дар ноҳияи Айнӣ ҷойгир буда, яке аз кӯлҳои хушманзараи Тоҷикистон ба шумор меравад. Он дар нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Ҳисор, дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Искандаркӯл дар натиҷаи кӯҳпораҳо ва банд шудани маҷрои дарёи Саратоғ ба вуҷуд омадааст. Шаклан секунҷа, масоҳаташ 3,41 км2,  тӯлаш 3,3 км, ҷои васеътаринаш 2,9 км мебошад. Чуқурии кӯл то 72 метр буда, ҳаҷми об 173 миллион метри мукааб мебошад. Ба Искандаркӯл дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеш, Сарима ва якчанд чашма ҷорӣ мешаванд. Обаш ширину соф буда, дар он танҳо пулакмоҳӣ мавҷуд аст. Қисми шарқиаш бошад, дар фасли зимистон ях мебандад. Атрофи Искандаркӯлро кӯҳҳои баландиашон то 5000 метр иҳота кардаанд. Иқлими атрофи кӯл тобистон мӯътадил ва зимистон сард мешавад. Дар атрофи резишгоҳи дарёҳо дарахтони сафедор, тӯс, бед, ангат, буттаҳои зирк ва дигар намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯяд. Дар соҳили шимолии Искандаркӯл нуқтаи ҳавосанҷӣ фаъолият дорад, ки ҳамарӯза вазъи боду ҳаворо дар ҷумҳурӣ муайян мекунад. Манзараи зебо ва иқлими мусоиди атрофи кӯл боиси ташрифи зиёди сайёҳон ба ин минтақа гардидааст. Дар соҳили ҷанубии кӯл қароргоҳи туристону кӯҳнавардон сохта шуда, баҳри истироҳати онҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои бунёди инфрасохтори бахши сайёҳӣ дар мамлакат тадбирҳои судманд андешида шудаанд. Ҳоло барномаҳое дар ин самт мавриди амал қарор доранд, ки рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистонро таъмин хоҳанд кард. Зеро шароитҳои махсуси иқлимӣ, табиати биҳиштосо, олами ҳайвонот, дарё ва кӯлҳои зебо, чашмаҳои гарму табобатӣ, олами растанӣ, гулу гиёҳҳои шифобахш, инчунин, меваҳои шаҳдбор ва кӯҳу пуштаҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон барои татбиқи ин ҳадаф мусоидат хоҳанд кард.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2018    №: 182-183    Мутолиа карданд: 909
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед