logo

туризм

АСПСАВОРӢ СОҲАИ ОЯНДАДОРИ САЙЁҲӢ

Раёсати ҷавонон ва варзиши дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо Федератсияи ҷумҳуриявии “Кокбору ва пойга” давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 6 пойгаи аспдавонӣ бо иштироки 650 сар аспи зоти тоҷикӣ ва англисӣ баргузор намуд. Иқдоми мазкур ба муносибати таҷлили сазовори ҷашнҳои миллӣ ва эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуд.
Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуд, ки варзиши аспсаворӣ яке аз соҳаҳои ояндадори рушди сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, соли 2018 барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва дӯстдорони асп чорабиниҳои зиёд доир шуданд. Дар кишвари мо аз рӯйи расму оин ва анъанаҳои хос, аз ҷумла таҷлили Ҷашни Наврӯз, бозиҳои миллии бузкашию аспдавонӣ маъмуланд ва онҳо ба варзиши асп алоқаи зич доранд. Барои пешрафти ин намуди варзиш дар шаҳру вилоятҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, нуқтаҳои аспсаворӣ ташкил ёфтанд. Аспсаворӣ дар атрофи “Наврӯзгоҳи пойтахт” бо арзиши 25 сомонӣ дар байни сайёҳони дохилию хориҷӣ маҳбубият пайдо кардааст, ки нишони пешрафти соҳа аст. Истифода аз чунин хизматрасонӣ ва дигар имкониятҳои васеъ, ба монанди фойтуни асп, барои хидмат дар хонаҳои ақди никоҳ, намоишҳои сиркӣ ва амсоли инҳо манфиатоваранд.
Дар замони муосир аспсаворӣ аз варзишҳои маъмул ва сердаромад ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, хоҷагиҳои деҳқонии асппарвар, бо дарки аҳамияти рушди соҳа, ба парвариши аспҳои пойгавӣ бештар таваҷҷуҳ доранд.
Иброҳим Мирзозода, сардори раёсати ҷавонон ва варзиши дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, иштироки фаъол ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидани аспҳои зоти тоҷикиро дар мусобиқаҳои байналмилалии Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон далели пешравии соҳа арзёбӣ кард. Ғолибияти чандкаратаи чобуксаворон - Анушервони Рустам, Фирдавс Саломов, Манучеҳр Шарофиддинов, Хуршед Сатторов, Ҷонибек Юлдошов, Абдураҳим Давлатов натиҷаи заҳматҳои зиёди худи онҳо ва хоҷагиҳои асппарвар мебошад. Умуман, рушди варзиши аспсаворӣ (хусусан намуди классикии он дар барномаи бозиҳои олимпӣ дохилгардида, гузаштани монеаҳо, варзиши асп - лижаронӣ, шикор бо асп ва амсоли инҳо) дар пешрафти соҳаи асппарварӣ, рушди чорводорӣ, саноати гӯшту шир, соҳаҳои тиб ва сайёҳӣ бо назардошти бунёди биноҳои нави аспнигоҳдорӣ, кушодани курсҳои омӯзишӣ ва нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ, ки дар навбати худ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкон медиҳад, афзалиятнок аст. Гузашта аз ин, варзиши асп дар ҷараёни пешрафти техника ва технология, асосан, барои беҳтар шудани муносибати инсон бо табиат хеле муҳим аст.
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2018    №: 207    Мутолиа карданд: 703
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед