logo

паёмҳо

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, 6 ноябри соли 2018

Ҳамватанони азиз!
Имрӯз ба санаи таърихии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бисту чор сол пур мешавад. Тамоми мардуми шарифи кишварро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.
Бисту чор сол пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.
Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.
Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф ва халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид. Аз ҷониби халқи Тоҷикистон пазируфта шудани роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар заминаҳои воқеии ҳуқуқӣ гузошт.
Марому мақсади халқи Тоҷикистон, ҳадафҳо ва нақшаҳои стратегии давлат, ки дар Конститутсия эълон шуда буданд, дар як муддати кӯтоҳ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуданд, зеро онҳо бо арзишҳо ва ҳадафҳои ҷомеаи мутамаддини башарӣ мутобиқ мебошанд. Имрӯз мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар мебошад ва ба сӯи пешрафту тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Бо дарназардошти таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардондани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд, ки дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму тақвият пайдо карданд.
Бисту чор соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.
Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.
Имрӯз сокинони кишвари мо ифтихор доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, Конститутсияи ҷавобгӯй ба орзуҳои мардумӣ доранд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.
Бори дигар ҳамаи сокинони Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу оромӣ, бахту иқболи нек ва ба кишвари азизамон пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Ҷашни санади тақдирсоз муборак бошад, ҳамватанони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.11.2018    №: 216    Мутолиа карданд: 5890
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед