logo

иқтисод

ГЕОЛОГИЯ. ОЯНДАИ СОҲА УМЕДБАХШ АСТ

Расидан ба сатҳи кишвари индустриалию саноатӣ бе истифода аз  захираи канданиҳои фоиданок ғайриимкон аст. Маҳз фаъолияти пурмаҳсули геологҳо метавонад моро ба ин ҳадаф наздик созад. Геологҳои тоҷик имрӯз беш аз 50 намуди ашёи минералиро омӯхта, захираҳои онҳоро дар Тарози давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон гузоштаанд. Заробиддин Файзуллозода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар арафаи таҷлили 80 – умин солгарди Рӯзи геологҳо дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» аз ин боб сухан кард.
- Захираҳои ашёи минералӣ асоси пешрафти иқтисодиёти ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, иқтидори иқтисодӣ, рушди истеҳсолот ва истифодаи захираҳои меҳнатиро муайян менамояд. Аз ин лиҳоз, саридора ҳамчун мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия сиёсати давлатро дар омӯзиши геологии қаъри замин дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳои дар назди соҳа гузоштаи Ҳукумати мамлакат амалӣ менамояд. Татбиқи ду барнома - «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология дар давраи солҳои 2012-2020» ва «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016 - 2026» аҳамияти калон дошта, дар доираи маблағҳои пешбинишуда дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ аз рӯйи 24 лоиҳаи омӯзиш ва коркарди металлҳои сиёҳу ранга, қиматбаҳо, сангҳои худҷилову ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ, геоэкология ва геофизикӣ ба роҳ мондааст. Бунёди корхонаҳои «Зарафшон», «Пакрут», «Апрелевка», кони нуқраи Якҷилва, ширкати «C.A.Minerals», кони сурбу руҳ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарнисор», кони сурмаву симоби Ҷиҷикрӯд, корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Анзоб», ки айни замон бомуваффақият фаъолият доранд, натиҷаи омӯзиш ва захираи конҳои дар даврони Истиқлолияти давлатӣ кашфшуда, аз ҷумла кони тилло, мебошад. Ғайр аз ин, сохтмони комплекси кӯҳӣ барои коркарди кони тиллою сурма ва симобдори Кончоч оғоз гардида, комбинати тилло дар асоси захираҳои конҳои тиллои Кумарғи Боло ва Дуобаи Шарқӣ дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарор доранд.
Корҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофи геологии солҳои охир нишон медиҳанд, ки фонди конҳои навкушодашаванда ҳанӯз пурра ба охир нарасидаанд, аммо гуфтан мумкин аст, ки дар қаъри замини Тоҷикистон конҳои нави фоиданок нуҳуфтаанд ва онҳо метавонанд ба гурӯҳи конҳои саноатӣ шомил шаванд. Барои мисол, дар майдони маъдании Ошоба, воқеъ дар ноҳияи Ашт ҷустуҷӯи дақиқи тилло, дар фосилаи байни дарёҳои Чашмаи Латиф ва Шоҳкамони ноҳияҳои Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин ҷустуҷӯи тиллои обруфт, дар майдони маъдании Сауксой, воқеъ дар ноҳияи Мурғоб, кофтукоби геохимикӣ барои тилло дар фосилаи байни дарёҳои Қаратоғ – Лучоб, омӯзиши иловагии ояндадори кони тилло ва зуҳуроти симобу сурма дар майдони маъдандори Шинг-Моғиёни шаҳри Панҷакент амалӣ шуда истодаанд ва натиҷаи корҳои ҷустуҷӯию иктишофӣ дар ин объектҳо умедбахшанд. Дар объекти Сауксой, ки дар мавзеи душворгузар ҷойгир аст, бо истифода аз чархболи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик – Эйр» барои хизматрасонӣ ба гурӯҳи корӣ ва интиқоли бор беш аз 300 маҳак гирифта шуд, барои коркард мувофиқ аст. 
Дар баробари ин, Саридораи геология ба тайёр кардани мутахассисони соҳа диққати ҷиддӣ медиҳад ва дар ин самт бо донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва хадамоти геологии   кишварҳои мухталиф, ҳамкориҳоро  ба роҳ мондааст. Сатҳи дониш ва таҷрибаи ҷавононе, ки донишгоҳро хатм мекунанд, ҳамасола бо баргузории  слёти  геологҳои ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта мешавад. Аз ҳисоби иштирокчиёни слёт дастаи геологҳои ҷавони саридора ташкил шуда, дар слётҳои геологҳои ҷавони дигар давлатҳои ИДМ ширкат меварзанд. Айни замон 20 нафар мутахассис бо барномаҳои махсуси муосир, ба монанди GIS, ArcGIS, Micromine омӯзонда шуда, дар соҳа аз ин барномаҳо самаранок истифода мебаранд. Таҷҳизондани соҳа бо асбобҳо ва воситаҳои техникии наву муосир ба кор ва пешрафти мутахассисон сабукӣ овард. Дар ин самт мушкилӣ низ ҷой дорад. Аз нав кардани базаи техникӣ ва лаборатории соҳа ба роҳ монда шуда бошад ҳам, қонеъкунанда нест. Кӯшиш карда истодаем, бо истифода аз маблағҳои сармоягузорон ин мушкилро ба зудӣ бартараф намоем.
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.12.2018    №: 242    Мутолиа карданд: 517
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед