logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ. ҶАВОНОН ДАР САФИ ПЕШИ МУБОРИЗА

Аз мутолиаи назарияҳои давлатдорӣ равшан мешавад, ки террор дар ҷомеа воситаи асосию паҳнгаштаи замони муборизаҳои инқилобӣ ба гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият аз қадим мавҷуд буд. Террористон барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ даст ба зӯрӣ, даҳшат ва куштори одамон мезаданд.
Ҳарчанд дар андешаи муҳаққиқони таърихи Юнони Қадим, аз ҷумла Ксенофон, террор василаи самараноку мусбати муборизаи зидди рақибон арзёбӣ шудааст, аммо имрӯз он маънии қудратёбӣ ва расидани ташкилотҳои экстремистиро ба ҳадафҳои нопоки сиёсӣ дорад. Террористон кӯшиш доранд, ки дар ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди динии мардум дигаргунӣ ворид намуда, шаҳрвандони дунёро бар зидди сиёсати давлатдорон барангезанд.
Дар ин роҳ дини мубини ислом ҳамчун василаи расидан ба ҳадаф  аз ҷониби террористон суиистифода мешавад. Аз ин нуқтаи назар, имрӯз терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ аз дардноктарин муаммоҳои олам шинохта шудааст. Табиист, ки омилҳо ва хусусиятҳои ин амал ҳамчун масъалаҳои мубрам аз ҷониби муҳаққиқони улуми сиёсат ва ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқ қарор гирифтаанд.
Аз ҷумла ин масъала дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланди “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аҳамияти худро бори дигар исбот кард. Дар ин конфронс намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҷонибдорони воқеии ҷаҳонии муборизи зидди терроризм ва экстремизм ҳузур доштанд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки ҷавонон бояд ба қадри неъмати истиқлолият расанд, арзишҳои миллиро азиз доранд, ба қадри давлату давлатдорӣ расанд, онро ҳифз намоянд, ки ин ҳама қарзи фарзандӣ ва шаҳрвандии онҳост. Пешвои миллат ба таври доимӣ нақши баҳрамандӣ аз таърих ва фарҳанги миллиро дар устувор кардани пояҳои андешаи давлатдории ҷавонон муҳим арзёбӣ мекунанд. Ташвиқу тарғиби таълиму тарбияи насли наврас дар ин раванд дар рӯҳияи ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Бахусус, нашри китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор гирифтани тарҷумаи Қуръони Карим фазои муносибати моро ба ислом муътадил гардонд. Бо ин амр Пешвои миллат алоқаи терроризм ва ифротгароиро ба дини муқаддаси ислом қотеона рад намудаанд.
Ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи мо иродаи матин доранд ва онҳо дар роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизамон - Тоҷикистон бо ҳар роҳ, яъне амаливу маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.
Хайрулло САБУРОВ,
Боҳир РАҶАБОВ,
устодони ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2018    №: 246    Мутолиа карданд: 444
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед