logo

ҳуқуқ

АХЛОҚ АГАР ХУБ АСТ...

Қабули  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару  модар  дар  таълиму  тарбияи  фарзанд» нишон дод, ки мавҷудияти чунин як санад дар ҷомеаи мо ба манфиати кор аст. Қонуни мазкур волидайн, шахсони онҳоро ивазкунанда ва аҳли ҷомеаро муваззаф намудааст, ки дар камолоти насли наврас масъулияти бештар дошта бошанд. Мутаассифона, бо вуҷуди дастовардҳо дар ин самт, ҳамоно қонуншиканӣ дар байни ноболиғон ва риоя нашудани муқаррароти қонун ба назар мерасад. Барои мисол агар дар соли 2017 аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 690 ҷиноят содир шуда бошад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ, аллакай, 734 ҷиноят содир шудааст.
Солҳои охир содир кардани ҷиноятҳои авбошии ашаддӣ, яъне бо истифода аз корд ва олоти дигар бештар ба мушоҳида расида, задухӯрдҳои гурӯҳӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва наврасону ҷавонон боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидаанд. Ба андешаи масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз сабабҳои чунин вазъ беназоратӣ, беаҳамиятӣ ва фориғболии падару модарон низ мебошад. Назорати нокифояи муассисаҳои таълимӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани машғулиятҳои тарбиявӣ дар мактабҳо омили дигар ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти муҳимияти таълиму тарбия ва одобу ахлоқи наврасону ҷавонон Сарвари давлат тамоми мақомоти дахлдор, аз ҷумла комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Прокуратураи генералӣ, вазорату кумитаҳои дахлдор, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон ва зиёиёну фаъолонро вазифадор кардаанд, ки дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон мунтазам ва фаъолона кор кунанд ва тамоми чораҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ намоянд.
Сабаби дигари коста шудани ахлоқ ва ба миён омадани кирдорҳои номатлуб дар байни наврасон, дастрасӣ ба ҳар гуна маълумоту филмҳо ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ тавассути интернет дониста мешавад. Ин раванд дар мафкураи насли наврас таъсири манфӣ расонда, дар бисёр маврид маҳз ҳамин омил ноболиғонро ба вартаи ҷиноят мекашад. Дар ин самт бояд падару модарон ва устодону муаллимон, ки бештар бо таълиму тарбия кор мегиранд, аввалан худ намунаи ибрат бошанд, сониян то ҷаҳонбинии амиқу дуруст пайдо кардани кӯдак онро аз назорат дур насозанд.
Мо дар якҷоягӣ вазифадорем, ки наврасонро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем ва дар замирашон завқи хондану омӯхтани соҳаҳои барои онҳо писандро бедор созем. Набояд фаромӯш кунем, ки ахлоқи хуб кафолати ҷомеаи солим аст ва аз рафтору гуфтору кирдори насли имрӯз фардои давлату миллат вобаста аст.
Хайринисо САИДОВА,
омӯзгори МТМУ № 24,
ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2018    №: 246    Мутолиа карданд: 481
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед