logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанонамон торафт густариш меёбад. Махсусан, ҳокимияти судӣ ба туфайли қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёфт.
Бояд зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои нишона ва хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои эъмори давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд замина гузошта, дар илми муосири ҳуқуқ ҷузъи таркибии қонунҳои сатҳи олӣ эътироф гардидаанд. Аз ҷумла, мустақилияти судҳо ҳамчун механизми асосии кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Танҳо суди мустақил имкон дорад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз дахолати дигарон самаранок ҳифз намояд.
Аз тарафи дигар, яке аз дастовардҳои бузурги Конститутсия дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, ба рукни алоҳида ва мустақили ҳокимият ҷудо кардани ҳокимияти судӣ мебошад. Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаҳои асосӣ, усулҳои ташкилёбӣ ва фаъолияти мақомоти судиро ба танзим дароварданд. Мувофиқи талаботи Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсия, дигар қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ҳифз менамояд ва ҳокимияти судӣ вазифаи конститутсионии худро ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ анҷом медиҳад.
Ҳокимияти судӣ то соли 1999 дар тобеияти ҳокимияти иҷроия - Вазорати адлия қарор дошт. Дар асоси тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия (соли 1999) барои таҳкими ҳокимияти судӣ, хоста гирифтану пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя, озод  намудани онҳо аз вазифа мақоми коллегиявӣ - Шӯрои адлия таъсис дода шуд, ки ҳамчун ниҳодҳои босалоҳият раванди ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтааст. Аммо давра ба давра татбиқ шудани ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳкими сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор меравад. Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда (соли 2016)  дар самти таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ корҳои муайян амалӣ гардиданд. Дар ин раванд, Шӯрои адлия барҳам дода шуд ва масъалаҳои вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти судяҳо ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардиданд.
Бо таъкиди Пешвои миллат: «Мо барои ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он то имрӯз корҳои назаррасеро ба анҷом расондем. Ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳоло барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда таҳия шуда истодааст».
Ҳамин тавр, Конститутсия барҳақ мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Зеро Конститутсия ҳамчун заминаи пойдори тамоми қонунгузории давлат, аз ҷумла ҳокимияти судӣ мебошад. Конститутсия Истиқлолияти давлатиро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми барӯманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланди моро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав мунаввар гардонд.
Аз ин рӯ, яке аз талаботи муҳими Конститутсия ин эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина, пешрафту созандагии он аст. Барои ноил гаштан ба ин мақсад, пеш аз ҳама, зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми ниёзмандии ҳамарӯзаи шаҳрвандон дароянд.
Шамъигул НУРУЛЛОЗОДА, судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2018    №: 246    Мутолиа карданд: 486
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед