logo

ҳуқуқ

ҲУШДОР. АЗ ДӮСТИ ТАСОДУФӢ ҲАЗАР БОЯД КАРД

Суди ноҳияи Сино Баҳригул Зарипова, сокини ноҳияи Варзобро дар содир намудани ҷинояти дар моддаҳои 340 қисми 2 бандҳои “б, в” (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 246 қисми 2 банди “б” (тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда) - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳкор донист.
Тафтишоти парвандаи ҷиноятии Баҳригул Зарипова муайн кард, ки номбурда моҳи августи соли 2014 бо мақсади тасарруфи пули бо тариқи кредит додашуда, бо маслиҳати пешакӣ бо “Матлуба” ном зан, ҳуҷҷати қалбакӣ маълумотнома оид ба ҳайси “муҳосиб” кор карданаш дар муассисаи томактабии № 149, ноҳияи И. Сомонӣ бо музди меҳнати моҳона ба маблағи 3200 сомониро дастрас намуда, барои гирифтани маблағи кредитӣ ба ҶСК «Агроинвестбонк» пешниҳод намудааст. Дар натиҷа ҶСК «Агроинвестбонк» бо Баҳригул Зарипова шартномаи қарзӣ ба имзо расонда, ба ӯ ба маблағи 3700 доллари амрикоӣ қарзи истеъмолӣ додааст. Баҳригул Зарипова ин маблағро ба манфиати худаш сарф карда, бо ин кирдор ба ҶСК «Агроинвестбонк» зарари моддӣ расонда, онро то ҳол барқарор накардааст.
Судшаванда дар рафти мурофиа гуфт, ки соли 2014 “Матлуба” ном як шиносаш аз ӯ хоҳиш кардааст, бо номаш аз бонк пул қарз гирад, ба ивазаш ба ӯ 100 доллари амрикоӣ медиҳад. “Матлуба» ба боварии ӯ даромада гуфтааст, ки худаш маблағи бонкро бармегардонад. Баъд аз чанд муддат «Матлуба» хонаашро фурӯхта, ба Русия меравад. Баъди талаб кардани пули қарз аз ҷониби бонк ва ба суд расидани масъала “Матлуба” тавассути телефон, ваъда додааст, ки маблағи қарзро барқарор мекунад. Вале ба ваъдааш вафо накард. Инчунин, судшаванда илова кард, ки маълумотномаҳои оид ба дар муассисаи томактабии №149 - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳайси “муҳосиб” кор кардану ба маблағи 3200 сомонӣ маош гирифтанаш сохта буда, худи ӯ аз ин ҳодиса бехабар аст. Ҳуҷҷатҳои қалбакиро шиносаш «Матлуба» аз номи ӯ омода ва ба бонк пешниҳод намудааст. Дар асл, ӯ аз соли 2009 инҷониб дар раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҳамчун роҳрӯб кор мекунад.
Суд ҷазои судшавандаро бо сабаби то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” (29  октябри соли 2014) содир шудани ҷиноят аз се як ҳисса кам намуда, ҳукм кард, ки Баҳригул Зарипова дар асоси моддаҳои  340 қисми 2 бандҳои “б, в” ва 246 қисми 2 банди “б” - и Кодекси ҷиноятӣ ба муҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум ва аз ҳисоби ӯ маблағи зарар ба андозаи 3700 доллари амрикоӣ ба манфиати ҶСК “Агроинвестбонк”, рӯёнда шавад.
А. ИСКАНДАРЗОД,
судяи суди ноҳияи Сино,
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2018    №: 247    Мутолиа карданд: 521
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед