logo

ҳуқуқ

ХУДБОХТАГОНИ НАҲЗАТ

Дар ҳошияи мақолаи Нодири Қодир «Боз ҳангомаву дурӯғ. Наҳзатиҳо дар робита ба вазъи Бадахшон ҳарзагӯӣ мекунанд», «Ҷумҳурият», № 236, 2018

Дар матлаби «Боз ҳангомаву дурӯғ. Наҳзатиҳо дар робита ба вазъи Бадахшон ҳарзагӯӣ мекунанд», ки 30 ноябр дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шуд, дуруст ва воқеъбинона нигошта шудааст, ки «пас аз фурӯпошии ИҶШС саркардагони нооромиҳои солҳои 90 - уми асри гузашта ва ҷанги бародаркуш, яъне сарварони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз бовару эътиқодоти динии мардум истифода намуда, кишвари ободу зебо ва мардуми орому осударо ба гирдоби нобудию бадбахтӣ кашиданд».
Муаллифи матлаб Нодири Қодир дар идома зикр мекунад, ки «аммо қисми зиёди сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон он замон ба дурӯғу сафсата ва ҳарзагӯйиҳои намояндагони ТТЭ ҲНИ бовар накарданд ва аз паси ин душманону хиёнаткорон нарафтанд». Воқеан, ҳамин тавр ҳам буд. Ман солҳои 90 - уми асри гузашта дар идораи рӯзномаи «Маърифати Шуғнон» кор мекардам. Ҳушу гӯши ҳамаи кормандон ба барномаҳои радиои Тоҷикистон равона буд. Ҳар боре ки намояндагони дин дар суханронӣ мардумро ҳидояту роҳнамоӣ мекарданд, мо нороҳат мешудем. Бахусус, роҳбарияти Ҳизби наҳзати ислом ошкоро мардумро бар зидди Ҳукумат мешӯронданд. Бо гузашти вақт гурӯҳи ришдорон дар шаҳри Хоруғ пайдо шуда, байни мардуми гурезаю муқимӣ тарғиботи худро паҳн кардан хостанд. Аз ин гурӯҳи хиёнаткор одамони рӯшанфикри вилоят  ба зудӣ дарак ёфта, онҳоро ба назди мардум, ба маъракаву ҷамъомадҳо роҳ намедоданд. Ҳамин буд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ин тоифаи ғажду хиёнаткор ба зудӣ халосӣ ёфт.
Мардуми вилоят хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини фазои ороми кишвар, барқарор намудани робита бо пешвои исмоилиёни ҷаҳон ва муҳайё сохтани шароит барои дидор бо Шоҳкарим ал - Ҳусайн Оғохони IV дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дилу дидаҳо зудуда намекунанд. Чунин хизматро ҳеҷ кас дар таърихи ин мазҳаб дар ёд надорад. Аз ин рӯ, хурду бузурги ВМКБ ба  Сарвари муаззами давлат маҳбубият ва эҳтироми хос доранд.
Роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ имрӯз ба ҷуз дурӯғу туҳмат ва ҳангомаву ҳарзагӯӣ рисолати дигаре надоранд. Дур аз асли воқеот, дар робита ба вазъи Бадахшон аз номи шахсони номаълум дар расонаҳои интернетӣ хабару овозаҳои бофтаи беасосро паҳн мекунанд. Вале, мардуми ВМКБ ба ин ҳарзагӯиҳо хеҷ гоҳ дода нашуда, гуфторҳои разилонаи роҳбарияти ТТЭ ҲНИ - ро маҳкум менамоянд.
Ҳамагон хуб дарк мекунанд, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор гирифта, аз файзи сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти Олии кишвар дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳои назаррас ба миён омаданд. Шоҳроҳи абрешим аз дили вилоят мегузарад. Фароҳам овардани шароити рафтуомади шабонарӯзии мардуми Бадахшон тариқи нақлиёти автомобилӣ бо пойтахти кишвару дигар минтақаҳо, бунёди  иншооти азими шаҳри Хоруғу ноҳияҳо, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, мактаби таҳсилоти давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, маркази васеи ташхисӣ, маркази Исмоилия дар шаҳри Душанбе, ҷамоатхонаи шаҳри Хоруғ, пахш ва намоиши доимии барномаҳои телевизиони «Тоҷикистон», шабакаҳои «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Фарҳанг», «Варзиш» дар ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишин, тиҷорати озод, таҳсили толибилмон дар дохилу хориҷи кишвар, сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Себзор» -у «Санообод», ба кор даромадани корхонаи коркарди металлу нуқра ва даҳҳои дигар аз шумораи ками рӯйдодҳои фараҳбахши вилоятанд.
Аз рӯз равшантар аст, ки афзудани нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон, пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлат душманони миллатро осуда намегузорад. Бунёди даҳҳо иншооти бузурги таъйиноти гуногун, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, тарҳу симои нав касб кардани пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ва дигар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба чашмашон чун хор мехалад. Ҳоло яқин аст, ки ба кор даромадани чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» низ хоби наҳзатиёнро ҳаром кардааст. Зеро онҳо на хостори саодати миллати тоҷик, балки дар пай теша задан ба решаи давлату миллатанд, то ризои хоҷагони хориҷиашонро дарёфта бошанд ва сармоягузорони худро аз даст надиҳанд.
Ҷонибек ҚОЗИБЕКОВ, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2018    №: 247    Мутолиа карданд: 541
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед