logo

ҳуқуқ

ОИЛА ВА ТАРБИЯИ АХЛОҚИЮ МАЪНАВИИ КӮДАК

Кӯдакону наврасон як қисми бонуфузи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд ва онҳо ояндаи давлату миллат мебошанд. Бинобар ин,  дар роҳи дуруст ба камол расондани онҳо набояд саҳлангорӣ намуд, зеро ҷузътарин амали беэътиноӣ нисбат ба тарбияи онҳо метавонад оқибатҳои сангини ногуворро ба бор оварад. Имрӯз амалу кирдори кӯдакон моро водор месозад, ки доир ба пешгирии ҷинояткорӣ ва шароиту омилҳои ба он таъсиркунанда чораҳои зарурӣ андешем.
Пеш аз ҳама, бояд сабабҳо ё ҳолатҳое, ки боиси даст ба ҷиноят задани наврасон мегарданд, муайян шуда, онҳо ба таври ҷиддӣ таҳлил карда шаванд.
Муҳим будани оила маҳз дар он ифода меёбад, ки нигоҳдорандаи арзишҳои волои маънавӣ ба ҳисоб меравад. Ба ташаккули шахсияти кӯдак шароиту муҳити оилавӣ, ба монанди тарзи тарбия ва сатҳи дониш, имконоти моддӣ, таҷрибаи ҳаётӣ ва касбии волидон, шумораи аъзоёни он, фазои муносибатҳо дар оила, ташкили фароғат, урфу одат ва маросимҳои баргузоршаванда таъсир расонда метавонанд. Арзишҳои волои маънавие, ки дар ҷараёни тарбия ба кӯдак талқин карда мешаванд, барои ӯ он вақт аҳамият пайдо мекунанд, ки онҳо бо мавзӯъҳои шавқовар, нав ва таъсирбахш алоқаманд карда шаванд.
Зуҳуроти манфие, ки дар ҷомеа пайдо шудаанд, метавонанд ба фазои оилавӣ, яъне ба муносибатҳои волидону фарзандон низ таъсир расонанд. Пошхӯрии оилаҳо ва ҷудо зиндагӣ кардани волидон ба тарбияи кӯдак низ таъсири манфӣ мерасонад. Зараре, ки ба фарзанд ҳангоми ҷудошавии оилаҳо расонда мешавад, баъзан то охири умр ҷуброн карда намешавад. Оқибати ҷудошавии оилаҳо боиси паст шудани сатҳи умумии зиндагии онҳо низ мегардад ва рӯи ҳам рафта фазои вазнине ба вуҷуд меояд, ки кӯдак ночор дар он зиндагӣ мекунад. Волидоне, ки байни худ муноқиша ва якдигарро таҳқир ҳам мекунанд, кӯшиш доранд кӯдаконро ҳар кадоме вобаста ба ақидаашон ба тарафи худ кашанд. Ин амал хонаводаро ҳамчун институти муҳими муносибатҳои байниҳамдигарӣ носозгор ва беқурб месозад.
Маҳз ҳамон лаҳзае, ки ҳисси ҳимоя дар оила кифоя нест, кӯдак ба гурӯҳи ҳамсолони худ муроҷиат менамояд. Қисми муайяни кӯдакон аз оилаҳои носолим иззату ҳурматро нисбат ба волидонашон хеле барвақт гум мекунанд. Ҳангоми норасоии диққат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки онро дар доираи ҳамсолон дарёбанд. Дар аксари ҳолатҳо чунин гурӯҳҳо боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуше, ба мисли  оворагардӣ, майзадагӣ ва нашъамандӣ мешаванд. 
Мутаассифона, то ҳоло мафҳуми «ҷамъияти ҳамсолон» дуруст ва ҳамаҷониба шинохта нашудааст. Ба ақидаи баъзеҳо доираи васеи рафторҳои пуч ва арзишҳои ночизе, ки онҳоро барғалат фарҳанги ҷавонӣ меноманд, дар бар мегирад. Дар ҳамин радиф, аз ҷониби мо бояд роҳҳои пешгирӣ намудани ҷиояткории ноболиғон муайян шаванд, то омилҳои манфие, ки боиси даст ба ҷиноят задани ноболиғон мегардад, аз байн бардошта шаванд. Табиист, ки даст ба ҷинояткорӣ задани ноболиғон барои ҷамъият хавфи калон дорад.
Р. ИСКАНДАРЗОДА, муовини раиси
суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе     
                           
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2018    №: 248    Мутолиа карданд: 478
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед