logo

ҳуқуқ

КАМОЛОТИ МАЪНАВӢ. АЗ ТАТБИҚИ ҚОНУН ТО ИҶРОИ УҲДАДОРИҲО

Таҷрибаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нишон медиҳад, ки дар шароити басо ҳассоси ҷаҳонӣ имрӯз мавҷудияти чунин як санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ҷомеа амри зарурӣ ба шумор меравад. Зеро равандҳои хатарзои замони муосир, назири терроризму экстремизм метавонанд, қабл аз ҳама дар ҳаёти ҷавонон таъсири номатлуб гузоранд, ки татбиқи босамари қонуни мазкур як навъ муқобила бо ин зуҳурот аст.

Хушбахтона, тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар солҳои охир шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон, бахсус ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои тундрав, ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, ки натиҷаи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ арзёбӣ мешавад. Воқеан, тадбирҳои анҷомшуда дар ин самт, ба эҷоди мафкураи зиддитеррористӣ дар ҷомеаи тоҷик мусоидат намуда, дар зеҳну шуури ҷавонон шинохти дурусти равандҳои ҷориро ба бор овард.
Дар баробари корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, нақши мусбати қонуни мавриди назар дар пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ истисно нест. Зеро ба андешаи таҳлилгарон маърифатнокӣ ва таълиму тарбияи дурустӣ ҷавонон вобаста ба ниёзҳои давру замон дар риштаи илмҳои диниву дунявӣ яке аз воситаҳои таъсиргузори муқовимат бар зидди ҳаракатҳои террористию экстремистӣ аст. Таҷриба собит менамояд, ки бе амалӣ намудани ин асосҳо ва таълиму тарбияи сифатнок пешгирии тундгароӣ дар ҷомеа мушкил хоҳад буд. Ин аст, ки қонунгузорӣ дар мамлакати мо барои таълиму тарбияи сифатнок ва камолоти фарзандон ниҳодҳои дахлдори ҷомеа ва падару модаронро ба масъулияти бештар водор менамояд.
Албатта, миллати тоҷик чунин масъулиятро дар баробари муқаррароти Конститутсия ҳазорсолаҳо ба ин сӯ уҳдадории асосии худ шумурда, ба камолоти маънавии фарзандони худ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуданд. Зеро гузаштагони шарафманди мо ин ҳақиқатро дуруст дарк мекарданд, ки таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа ба шумор меравад. Аз ин рӯ, чунин як масъулияти иҷтимоӣ аз ибтидо хоси мардуми тамаддунофари тоҷик буда, то қабули қонуни вижа дар бораи таълиму тарбияи фарзандон аксари меъёрҳои пешбининамудаи он риоя мешуданд.
Табиист, ки волидон бо рафтори худ ба ҳолати рӯҳии кӯдак, мафкураи ӯ таъсир мерасонанд. Аз рафтори падару модар сифати ахлоқу одоби кӯдак вобастагӣ дорад, ки дар ин замина мутафаккири бузурги тоҷик Муҳаммад Ғазолӣ чунин гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме,  ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд».
Малоҳат САЙФИДДИНОВА, 
Ҳуқуқшинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2018    №: 249    Мутолиа карданд: 433
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед