logo

ҳуқуқ

ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ Ё ХОИНОНЕ, КИ БА АБЗОРИ СИЁСИИ ДИГАРОН ТАБДИЛ ЁФТААНД

Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир воқеаи хеле бузургу фараҳбахш аст. Аммо нафароне ҳастанд, ки барои ба мақсади нопоки гурӯҳӣ расидан алайҳи манофеи давлату миллат амал мекунанд.

Амалу рафторҳои ҳизби мамнуи наҳзат бозгӯкунандаи ҳамин воқеият мебошад. Ин ташкилоти террористӣ экстремистӣ ва афроди ба он наздик аз ҳар воқеае, ки ба ҷамъият ва ба низоми давлатдории миллӣ хатарнок аст, ҷонибдорӣ намуда, гунаҳкорону фиребгарон ва қаллобонро ҳамеша пуштибонӣ мекунанд. Ҳатто дуздро бегуноҳу ҷабрдидаро гунаҳкор меҳисобанд. Кор ба ҷое расида, ки ин хоинон аз нафаре, ки ғайриқонунӣ заминҳои давлатро аз худ карда, хонаву маркази тиҷорат месозад ва онро бо нархи гарон ба ҳамсоягонаш мефурӯшад, ҷонибдорӣ карда, амали қонун дар ҷомеаро нодида мегиранд.
Ба ҳамагон равшан аст, ки аксари намояндагон, бахусус роҳбарони ТТЭ ҲНИ  аз ҷумлаи афроди авомфиреб ва тафриқаандоз буда, дар байни мардум чунин шуғл доштаанду доранд. Баъд аз фош гардидани бадкирдорию каҷрафториҳояшон зуд тарки Ватан намуда, амалҳои хешро таҳти ҳимояи аҷнабиён идома медиҳанд. Зеро ба ин гуна рафторҳои ношоистаю ғайриақлонӣ одат кардаанду наметавонанд, аз он  даст бикашанд. Гузашта аз ин, маҳз бо ҳамин роҳ талош менамоянд, ки манфиатҳои ғаразноки худу хоҷагонашонро бароварда созанд.
Солҳои дар Тоҷикистон ҳамчун ҳизби расмию қонунӣ фаъолият доштани ҲНИ роҳбари террористони наҳзатӣ дар тамоми вохӯрию суханронӣ ҳамеша аз дунявияту демократия ва инсонсолорию озодии виҷдон сухан мегуфт. Вале бо маслиҳат, раҳнамоӣ ва ҳидоятҳои ӯ амалҳои пасипардагие рӯйи кор меомаданд, ки ба рафтори террористони хатарнок шабоҳат дошту дорад.
Пас аз террористӣ эълон гардидани ҲНИ саркардагони он тарки кишвар намуда, ҳанӯз ҳам дар пайи анҷом додани амалҳои хиёнаткорона гом мебардоранд. Ҳизби мамнуъ тамоми бадбахтиҳои ба сари халқу миллат овардаашро ба дигарон рабт дода, худро «мусичаи бегуноҳ» вонамуд месозад. Аммо, чунонки дар урфият мегӯянд «Офтобро бо доман пӯшонда намешавад» ва амалҳои ноҷавонмардонаи ин гурӯҳ ба ҳамагон рӯшан аст. Ҳатто, аъмоли ифротгароёна барои муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст, вале эътирофи ин ҳақиқат барояшон хеле гаронӣ мекунад. Зеро онҳо дину мазҳабашонро фурӯхта, худ ба абзори сиёсии дигарон табдил ёфтаанд.
Рустам РАҲИМОВ, таҳлилгар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2018    №: 251    Мутолиа карданд: 472
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед