logo

туризм

ҲУНАР САРМОЯ АСТ

Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи ташаббусҳои мондагорест, ки дар рушди ин ду соҳаи ба ҳам алоқаманду судовар таҳаввулоти нав бахшид. Натиҷаҳои ин иқдоми наҷиби Сарвари давлат нишон медиҳанд, ки ҳам дар бахши сайёҳӣ ва ҳам тавсеаи ҳунарҳои мардумӣ дигаргуниҳои мусбат ба миён омаданд. Аз ҷумла, ҳунармандони гулдасти тоҷик бо истифода аз чунин фурсати муносиб бо диди нав ба касбу кори пуршарафи худ рӯ оварданд ва аз натиҷаи заҳмати хеш суди иқтисодӣ бардоштанд.

Саида Раҳмонбердиева, сокини ноҳияи Кӯшониён аз зумраи нафаронест, ки қолинбофиро аз падар ба мерос гирифта дар ин самт шогирдони зиёде тарбия намудааст. Ӯ аз овони хурдсолӣ ба ин касб майлу рағбати беандоза дошт. Чун падараш дар ин ришта ҳунарманди чирадаст буд ва қолинбофӣ дар ин оила аз насл ба насл мерос мондааст.
Чуноне, ки Саида иброз дошт,  падараш дар сехӣ қолинбофӣ фаъолият мекард ва ҳамон солҳо падар ҳунару маҳорати духтари хурдсолашро дида,  ӯро ҳамроҳаш ба сехи қолинбофӣ мебарад, то нозукиҳои ҳунарро аз худ намояд. Чун Саида ба воя расид, падараш ӯро дар  сех ба кор ҷалб намуд. Аз он замон ин бону бештари умри худро ба қолинбофӣ гузарондааст.
Мавсуф дар ин муддат беш аз 20 шогирд тарбия намуда, нозукӣ ва асрори қолинбофиро ба онҳо омӯзондааст. Айни ҳол, бештари онҳо дар хонаҳояшон ба қолинбофӣ машғуланд ва ҳамзамон, ин ҳунарро ба дигарон меомӯзанд. Яъне, шогирдони Саида ҳам шогирдонеро дар риштаи қолинбофӣ тарбия менамоянд.
- Бароям мояи ифтихор аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Зеро барои мо - ҳунармандон имконият пайдо шуд, ки боз ҳам маҳорати хешро ривоҷ дода, он ҳунарҳое, ки аз қадим ба мо боқӣ мондаанд, аз нав зинда намоем. Имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар партави ин ташаббус бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ занону духтарони хонашине, ки ҷойи кори доимӣ надоранд, ба омӯхтани касбҳо ҷалб мешаванд ва дар сехҳои дӯзандагӣ бо кор таъмин мегарданд. Ба ин тартиб сатҳи зиндагии худро беҳтару хубтар месозанд. Пас, дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат моро зарур аст, ки барои рушди бештари ҳунарҳои мардумӣ талош варзем,- гуфт Саида Раҳмонбердиева.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2018    №: 251    Мутолиа карданд: 763
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед