logo

фарҳанг

Бобо Назари Ғафор. ОЛИМИ САТҲИ ҶАҲОНӢ

Аввалҳои солҳои 80 – уми асри гузашта ходимони  Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии  Академияи илмҳои Тоҷикистон Бобоназари Бобохон (Бобо Назари Ғафор) ва Додихудо Саймиддинов пас аз анҷоми давраи коромӯзӣ ва хатми аспирантура аз шаҳрҳои Ленинград ва Москва  ба Душанбе баргаштанд.  Ин ҷавонони воқеан илмдӯст бо азми росих дар иҷрои нақшаҳои илмии худ талош меварзиданд, бо ҳамон неруи дониши худ дар семинару конфронсҳову симпозиумҳо пиромуни мушкилоти мубрами эроншиносӣ ва фаротар аз он, суҳбат меоростанд.
Мавзӯи баҳси Бобо Назари Ғафор ағлаб ба ҳалли проблемаҳои доираи забонҳои ҳиндуаврупоӣ иртибот  мегирифт, бо истинод ба забонҳои Юнони бостон, Ҳинди бостон, форсии қадим ва Ависто андешаҳои хешро мустанад иброз медошт. Аз маърӯзаҳои пурмуҳтавои ӯ ҳозирон дар шигифт ҳам мемонданд, зеро акнун тоҷикеро медиданд, ки монанди ховаршиносони маъруф  М. Н. Боголюбов, В. А. Лившитс, И. М.  Оранский, В. С. Расторгуева, Л. Г. Герсенберг, С. Н. Соколов дақиқу фасеҳ суханронӣ мекард.
Бобо Назар назди мо, алоқамандони таърихи забон, эҳтиром дорад,  ҳастии ӯ мояи ифтихори мост. Бо таълифоти пурарзишаш ошно ҳастем. Мавсуф мегӯяд: «Нахостаам ҷуз забономӯзӣ вақтро ба кори дигар гузаронам. Ҳоло ба такмили забонҳои  омӯхтаам машғулам. Такмили забон ин   асареро ба тоҷикӣ ё русӣ баргардондан ва, ҳамзамон, пажӯҳише дар он забон анҷом додан, маводи ҳирфавиро аз он забон фароҳам овардан аст. Бегумон, агар он забони соҳибхати куҳан бошад. Пиромуни таъриху фарҳанги скифҳо бо шарҳу тавзеҳи  муфассали таърихӣ - этнографӣ, географӣ - орографӣ, лингвистӣ - этимологӣ  асареро ба тоҷикӣ баргардондам. Ва тақрибан 130 – 140 этимологияи нав ҳам пайдо кардам. Дигар, ҳар сол чанд ҳафта  барои фаро гирифтан  ба такмили забони Ависто машғул  мешавам, аз пойгоҳи тоза пажӯҳидан мехоҳам. Ба пиндори ман, бе Ависто дониши пурраро дар таърихи дину мазҳабҳои машҳури дунё соҳиб шудан мумкин нест. Суфизм аз ҳама бештар  ба омӯзиши Ависто ниёз дорад. Ин нуктаро бо китоби тозаэҷодам бо унвони «Прилйудиаи Маснавӣ» росих гардондаам».    
Бобо Назар забономӯзиро мисли эҷоди мусиқӣ ва  шеър медонад. Забонҳои лотинӣ, англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ, юнонӣ, италиянӣ, испанӣ ва туркиро пурра фаро гирифтааст. Забони русиро чун забони модариаш медонад. Дар навиштаҳояш барои қиёс ба забонҳои скандинавӣ ва ирландӣ ва монанди инҳо  ҳам руҷӯъ  мекунад.
Аз феҳристи таълифоташ бармеояд, ки нахуст ба тарҷумаи илмӣ  пардохта, пасон ба баргардонҳои бадеӣ даст задааст. Осори илмии ба тоҷикӣ нашркардаи ӯ, ба монанди «Номаҳои Бостон» (нашрияи ДМТ, 2010), «Шоири Хуросон» («Ирфон», 2010),  «Кеши зардуштӣ» («Ирфон», 2011) дастраси мост. Ҳам медонем, ки «Куҳан Ависто», «Зардуштизм протомонотеизм аст ё нахустмонотеизм?» ва «Дар Наврӯз ва солҳои нави ирониён»  (ба забонҳои форсӣ - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) ном китобҳояш омодаи чоп мебошанд.
Дар мавриди корҳои дигари илмиаш афзуд, ки: «Соли 2010  ба эҷоди силсилае ба унвони «Империяи фарҳангии тоҷикон» шурӯъ кардам. Ин силсила бо номи «Аз Гандҳара то Данғара» оғоз шуда, китобчаи нави ман - «Тоҷик» аз ҳамин силсила аст».
Навиштаҳои олим фарогир, пурмуҳтаво ва фасеҳанд, ҷуз мабоҳиси забон баёни масоили фарҳангиву фалсафӣ, таърихиву  географиро низ дар бар доранд.
Сулаймон АНВАРӢ,  устоди ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2018    №: 252    Мутолиа карданд: 554
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед