logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ БЕ ҶАЗО НАМЕМОНАД!

Бурҳон Исҳоқов нимаи моҳи декабри соли 2007 бо ҳамсинфи худ Наим Холматов оид ба дуздидани маблағи пулии шаҳрванд Раҳматов Аскар ба андозаи панҷсад - ҳафтсад ҳазор рубли русӣ маслиҳати пешакӣ мекунад.

Бино ба иттилои  маркази   матбуоти   Прокуратураи   генералии кишвар,   Б. Исҳоқов бо Н. Холматов хабардор мешаванд, ки 21 декабри соли 2007 аҳли оилаи Раҳматовҳо барои гузарондани маъракаи шашмоҳаи фавти бобояшон ба деҳаи Зарбеди ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом мераванд ва дар хонаи онҳо ягон нафар намемонад. Онҳо бо мақсади амалӣ намудани нақшаашон, яъне тасарруфи амволи ғайр ба миқдори махсусан калон ва минбаъд оташ задани хона ҳамон рӯз ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Фирдавс» рафта, ба як зарфи якунимлитраи полиэтелинӣ маводи сӯзишвории бензин мегиранд ва ба манзили истиқоматии шаҳрванд А. Раҳматов ҳозир мешаванд. Сипас бо шикас- тани қулфи дар вориди ҳавлӣ гардида, кофтукови маблағи пулиро дар ҳуҷраҳо оғоз карданд. Дар ин вақт духтари соҳибмулк Аскар Раҳматов - ноболиғ Р. Раҳматова, ки худ танҳо дар ҳавлӣ қарор дошт, дарро кушода вориди хона шуд.
Б. Исҳоқов бо Н. Холматов ба хона ворид шудани ноболиғ  Р. Раҳматоваро дида, бо назардошти он, ки ӯ онҳоро нағз мешинохт ва оид ба амалҳои ҷиноятиашон имконияти хабар доданро дошт, нақшаи қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани ӯро кашиданд. Дар ин лаҳза Б. Исҳоқов дар қафои дар пинҳон шуда, аз пушт ба ноболиғ Р. Раҳматова ҳуҷум карда, ба воситаи чӯб гулуи ӯро фишурда, ин амали худро то лаҳзаи беқувват шудани ӯ давом медиҳад. Н. Холматов дар навбати худ ба воситаи чӯб ба сари ноболиғ як зарба мезанад. 
Баъдан, ҷасади беҷони ноболиғ Р. Раҳматоваро ба даҳлез гузошта, ба хона бензин рехта, оташ заданд ва дари ҳуҷраро пӯшида, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.
Нисбат ба Б. Исҳоқов ва Н. Холматов бо аломатҳои моддаҳои 244 қисмҳои 3 ва 4 банди «б» (барои дуздӣ), 104 қисми 2 бандҳои «в,з,и,л» (барои одамкушӣ) ва 255 қисми 2 бандҳои «а,в» (барои несту нобуд кардани амвол) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ, парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ намудан ба суди вилояти Суғд ирсол гардид.
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд аз 11 апрели соли 2018 Бурҳон Исҳоқов ва Наим Холматов дар содир кардани ҷинояти мутобиқи моддаҳои дар боло зикр намудаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ҳар яке аз онҳо ҷазо дар намуди  маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 24 (бисту чор) сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шуд.
М. БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2018    №: 253-254    Мутолиа карданд: 398
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед