logo

иқтисод

БМТ. СОҲИБКОРОНИ ВАТАНӢ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супориш ва вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардиданд, аз оғози сол нақшаи чорабиниҳо таҳия гардид.

Дар даҳ моҳи соли 2018 бо мақсади зиёд намудани маблағгузории қарзӣ ба низоми бонкии кишвар аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ 72,5 миллион  доллари ИМА қарз ва сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷалб шуданд. Аз ин миқдор ба сармоягузориҳои мустақим 1,7 миллион  ва ба қарзҳои ҷалбшуда 70,8 миллион доллар рост меояд. Бонк бо мақсади андешидани чораҳои мушаххас дар самти гузарондани ислоҳоти зарурии пуливу қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, фаъолияти бонкҳо, устувории сармояи бонкӣ, сатҳи нархҳо, қарздиҳӣ ба иқтисодиёти миллӣ ва ҷалби сармоя, назорати риояи қонунгузории бонкӣ ва такмили он, паст кардани дараҷаи хавфҳо ва ҷорисозии усулҳои идораи корпоративӣ тадбирҳои заруриро татбиқ намуда истодааст.
Тайи солҳои охир иқтисодиёти кишвар новобаста аз фазои начандон муътадили берунӣ ба пешравиҳои назаррас комёб гардид, ки пеш аз ҳама, дар нисбатан муътадил гардидани вазъи макроиқтисодӣ, сатҳи ҷоизи таваррум, тадриҷан вусъат ёфтани бахши молиявӣ ва беҳтар гардидани муҳити институтсионалию қонунгузорӣ зоҳир ёфтааст. Дар ин раванд ислоҳоти самарабахш дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, устувор шудани мавқеи низоми бонкӣ дар фаъолияти иқтисодиёт, ба эътидол омадани иқтидори молиявӣ, ҷалби захираҳои озод, беҳтар гардидани сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва пешниҳоди маблағҳо ба иқтисодиёт дида мешавад. Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ – ноябри соли ҷорӣ 5,1 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 банди фоизӣ кам мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади бартараф кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ва гузарондани ислоҳоти муваффақ, пеш аз ҳама, дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои нави танзиму идоракунии ба шароити иқтисоди ҷаҳон мутобиқкунанда чораҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, бо назардошти вазъи муътадили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, алалхусус таваррум, дар давоми моҳҳои январ - ноябри соли 2018 меъёри бозтамвил тадриҷан аз 16,0 то 14,0 фоизи солона паст шуд.
Бо назардошти идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок 146 музоядаи коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид ва ҳаҷми фурӯши онҳо 17,7 миллиард  сомониро ташкил дод. Бонк бо мақсади таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ дар ин давра ба ташкилотҳои қарзӣ дар ҳаҷми 554,8 миллион  сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат ҷудо намуд. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар 10 моҳи соли ҷорӣ 6 миллиард  сомониро ташкил намуд. Боиси тазаккур аст, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 41,2 фоизи вазни қиёсӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд. Теъдоди қарзҳои додашуда дар ин давра 17,5 фоиз ё 68,6 ҳазор адад афзоиш ёфта, ба 460,6 ҳазор адад баробар гардид, ки ин нишондод аз зиёд шудани пешниҳоди қарзҳои хурду миёна ба муштариён, аз ҷумла ба соҳибкории хурду миёна, шаҳодат медиҳад. Дар ин давра ҳаҷми қарзҳои хурди аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додашуда 3,9 миллиард  сомониро ташкил намуд.
Ба ҳолати 1 ноябри соли 2018 бақияи умумии пасандозҳо 9,8 миллиард  сомониро ташкил дод. Ҳаҷми бақияи пасандозҳо бо пули миллӣ 20 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 1,3 фоиз афзоиш ёфт, ки аз зиёд шудани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ - сомонӣ ва тадриҷан паст шудани сатҳи долларикунонии иқтисодиёт шаҳодат медиҳад.
Нишондиҳандаи пардохтпазирии низоми бонкӣ дар ин давра меъёри муқаррарнамударо таъмин намуда, 77,1 фоизро ташкил дод, ки аз талаботи муқарраршуда 37,1 банди фоизӣ зиёд мебошад. Низоми бонкии кишвар фаъолияти худро мутобиқ ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби маблағҳои озод ва зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла рушди ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ, равона намуд. Ба санаи 1 ноябри соли 2018 ба соҳаи рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 35,4 миллион  сомонӣ (ба 4313 нафар) қарз дода шудааст, ки аз ин 8,1 миллион  сомонӣ ба соҳаи рушди сайёҳӣ ва 27,3 миллион  сомонӣ ба соҳаи ҳунарҳои мардумӣ рост меояд.
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муомилоти пулӣ ва рушди инфрасохтори низоми пардохт тадбирҳои зарурӣ андешид. Барои тақвияти назорати иҷрои стратегияи рушди низоми пардохт ва вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шуданд, ки соҳибкоронро сари вақт бо терминалҳои электронӣ таъмин намоянд ва фаъолияти мунтазами терминалҳоро ба роҳ монанд. Дар ин раванд ташкилотҳои қарзӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон терминалҳои электрониро дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ фаъолона насб намуда истодаанд. Миқдори умумии кортҳои пардохтие, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзии ватанӣ ба муомилот бароварда шудаанд, ба санаи 1 ноябри соли ҷорӣ 1 миллиону  791,3 ҳазор ададро ташкил дод. Миқдори дорандагони кортҳои пардохт 1 миллиону  763,3 ҳазор нафарро ташкил намуд.
Дар Паёми навбатии Президенти кишвар таъкид шудааст, ки бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, ҷалби бештари сармоя ба ин соҳа ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис ба маблағи 50 миллион  сомонӣ муқаррар карда шавад. Мутобиқи муқаррароти бонк аз 5 январи соли 2018, бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис аз 80 миллион сомонӣ то ба 50 миллион сомонӣ кам карда шуд.
Мавҷуда ҲАСАНОВА,
сардори шуъбаи матбуоти БМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2018    №: 255    Мутолиа карданд: 503
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед