logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН. ФАРЗАНДИ БАД ДОҒИ ПАДАР...

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нишон медиҳад, ки мавҷудияти чунин як санад ба нафъи ҷомеа мебошад. Зеро риояи қонуни мазкур  дарки масъулияти волидонро дар таълиму тарбияи фарзандон боз ҳам бештар гардонд. Мувофиқи муқаррароти қонун волидон муваззафанд, ки баҳри тарбияи дурусти фарзанд шароити моддӣ, маънавӣ ва равонӣ фароҳам оваранд. Мутаассифона, на ҳамаи волидон ин масъулиятро эҳсос мекунанд.

Тавре Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон 4898 маротиба рейд ва амалиётҳои муштарак гузаронда шуд, ки дар натиҷа 15121 нафар ноболиғ барои ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун муайян шуда, ба ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас гардиданд. Оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 14829 адад протоколи маъмурӣ нисбат ба падару модарон ва масъулон ба судҳо ирсол гардидааст. Ҳамзамон, нисбат ба 8564 нафари онҳо, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ба маблағи 1081640 сомонӣ ҷарима ситонда, ба буҷети давлат ворид шуд ва ба 2747 нафари дигар огоҳнома ирсол гардида, 3518 мавод мавриди баррасӣ қарор дорад. Бо вуҷуди ин, гарчанде аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 7 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, вале то имрӯз иҷрои талаботи қонуни мазкур аз тарафи бархе падару модарон ва масъулон пурра риоя намегардад. То имрӯз ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафе ва бозиҳои компютерӣ ворид мегарданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки 17 майи соли 2018 ба як қатор моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Аз ҷумла, дар моддаи 8 «Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд» дар сархати 10 оварда шудааст, ки аз соати 18:00 то соати 06:00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ рафтани фарзанди ноболиғи худро иҷозат надиҳанд. То ҳол ин масъала роҳи ҳалли худро наёфтааст, ки боиси нигаронӣ мебошад. Новобаста аз гузарондани суҳбату вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва дар байни аҳолӣ оид ба иҷрои талаботи қонуни мазкур боз ҳам ҳолатҳое пайдо мешаванд, ки то кунун падару модарон нисбат ба тарбияи фарзандонашон беэътиноӣ зоҳир менамоянд. Масалан, зимни гузарондани як чорабинӣ аз тарафи кормандони хадамот 24 ноябри соли 2018 тахминан соати 18:30 дақиқа маълум гардид, ки Ҳабибулло Ғоибов, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, як хонаро ба иҷора гирифта, толори бозиҳои компютерӣ кушода, бо 10 адад компютер фаъолияти соҳибкорӣ менамудааст. Ҳангоми ворид гардидан ба бинои мазкур 2 нафар ҷавон ва 4 нафар ноболиғ машғули бозиҳои дорои хусусияти зӯроварӣ доштаи «ГТА» ва «Контр - страйк» буданд. Дар рафти амалиёт нисбат ба волидони ноболиғон барои беаҳамияти нисбат ба фарзандон ва иҷро накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Нисбат ба шаҳрванд Ҳабибулло Ғоибов барои вайрон намудани талаботи моддаи 4641 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне барои ба ноболиғон додани иҷозати воридшавӣ ба маркази бозиҳои компютерӣ баъди соатҳои дар  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муқараргардида протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Аз ин рӯ, масъулони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ аз падару модарон даъват менамоянд, ки нисбат ба ояндаи фарзандони худ бетараф набуда, онҳоро ба омӯзиши илму дониш ҷалб намоянд. Зеро маҳз наврасону ҷавонони бо илму маърифат метавонанд, дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Сафаргул АЛИМОВА,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 522
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед