logo

ҳуқуқ

ҚОТИЛОНИ РӮЗНОМАНИГОР Ё МУҲИДДИН ОЛИМПУРРО КӢ КУШТ?

Қатлу куштори равшанфикрону зиёиёни кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ низ барои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба як амри маъмулӣ табдил ёфта буд. Бо супориши хоҷагони маълуми хориҷӣ дар ин муддат шахсиятҳои бузурге ба монанди Муҳиддин Олимпур ва даҳҳо тани дигар, ки ҳамчун зиёиёни воқеӣ дар ҷомеа шинохта шуда, монеи низоъҳои дохилӣ буданд, нобуд карда шуданд.
Рӯзноманигор Муҳиддин Олимпур, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз ягон гурӯҳи сиёсӣ пуштибонӣ намекард, натавонист аз рӯйхати сиёҳи душманони миллат дур бимонад. 12 декабри соли 1995 ба ҷони ӯ суиқасд анҷом дода шуд. Баъдтар, чанд нафар ба иттиҳоми даст доштан дар қатли ин хабарнигор боздошт ва зиндонӣ шуданд. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Адҳам Тоиров ва Назрибек Давлатовро ба қатли Муҳиддин Олимпур гунаҳкор дониста, аз озодӣ маҳрум кард. Вобаста ба ҳамин ҷиноят соли 2007 шаҳрванди дигари Тоҷикистон Аслам Усмонов ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Насрулло Шарифов баъди куштори Олимпур ба Россия фирор кард. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия ӯро дар шаҳри Санкт - Петербург барои ҷинояти сангине ба муҳлати 7 сол ҳабс намуданд. Сипас, мувофиқи дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Шарифов ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ супурда шуда, равонаи зиндон гардид. Тибқи нишондоди шоҳидон супориши қатли Олимпурро яке аз фармондеҳони саҳроии дастаҳои ҷангии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Нозим Юсуфов бо лақаби «Эшони Нозим» дода будааст.
Қотилон, ки аз фарҳангу сиёсат, адабиёту маънавиёт фарсахҳо дур буданд, хунсардона даст ба кор шуданд. Тавре маълум гардид, бо супориши Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ гурӯҳи ҷиноятпеша бо автомашина ба назди хонаи Муҳиддин Олимпур омада, ба таври маҷбурӣ ӯро дохили автомобил намуданд. Хунхорони наҳзатӣ мошинро то назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ронда, ӯро аз мошин пиёда намуданд. Насрулло Шарипов, ки фармони қатли ӯро гирифта буд, аз пушт ба ин абармард ду тир зад. Олимпур ба замин афтод ва дигар беҳаракат буд. Ҷинояткорон ба хотири пӯшондани ҷинояти худ тани беҷони Муҳиддин Олимпурро ба лаби дарё партофта, аз он ҷо ғайб заданд. Субҳи дигар ҷасади ин журналисти машҳурро дар назди соҳили шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пайдо карданд.
Муҳиддин Олимпурро аксарият, пеш аз ҳама, ҳамчун аккос мешиносанд. Ӯ давоми фаъолияти эҷодияш акси садҳо инсонҳои некном ва фарҳангии дунёи илму адабро бардоштаву дар як муддати кӯтоҳ ба унвони беҳтарин аккос муаррифӣ шуд.
Дар солҳои гуногун дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», ҳамзамон ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон, мудири бахш дар АМИТ «Ховар» ва аз соли 1990 то замони кушта шудан, ба ҳайси мудири бахши тоҷикии радиои Би – би - си (ВВС) фаъолият кардааст. Муаллифи силсилаи барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва ду китоб, аз ҷумла «Мехоҳам аккос бошам» ва барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ буд. Ӯро мубаллиғ ва посдорандаи фарҳанги тоҷик, рассом, аккос, публитсист ва журналисти тавоно ном мебаранд.
Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Муҳиддин Олимпур аз вазъи нобасомони дохилӣ акс мебардошт. Аксҳояш симои ӯро ҳам нависанда, ҳам публитсист ва ҳам журналист муаррифӣ мекарданд. Тасвирҳои холис, бетараф, озод ва бозгӯкунандаи ҳолати ҳамон давр. Ҳамин диди нав боис гашт, ки Олимпур бо садҳо тани дигар аз дасти ифротиҳо ба қатл расонда шавад.
Дар осори Муҳиддин Олимпур васфи дӯстиву рафоқат бо намояндагони илму адаб, арзишҳои башарӣ, муқаддасоти инсонӣ ва арҷгузорию посдории фарҳанги миллӣ мақоми хос дошт. Дар эҷоди публитсистии ӯ дӯстӣ яке аз мавзӯъҳои аввалиндараҷа буд. Аммо, барои гурӯҳҳое тараннуми дӯстӣ хуш намеомад. Аз ин рӯ, Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ танҳо бо мақсади расидан ба манфиатҳои гурӯҳӣ аҳли зиёро саросар ба қатл расонду кишвари тоза ба истиқлолиятрасидаро вориди ҷанги шаҳрвандӣ намуд.
С. САЛМОН, муҳаққиқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 575
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед