logo

ҳуқуқ

ҚАЛЛОБӢ. БОРИ ЧОРУМ ПАСИ ПАНҶАРА

Ҷӯрабек Бобохонов нафаре, ки қаблан бо ҳукми суд се маротиба маҳкум шудааст, боз даст ба содир намудани ҷиноят зад ва паси панҷара рафт.
Моҳи августи соли 2017 ӯ ҳамроҳи падараш - А. Бобохонов, ки соҳибкор мебошад, ба шаҳри Ҳисор омада, аз мағозаи Ҷамолиддин Холиқов 50 халта ордро ғайринақдӣ гирифта, пас аз 10 рӯз маблағи пулиро баргардонд. Ӯ бори дуюм ба мағозаи соҳибкор Ҷ. Холиқов омада, 25 халта орд гирифт  ва маблағашро надод. Ҷӯрабек ба назди Ҷ. Холиқов омада хоҳиш кардааст, ки барои дуруст намудани ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиаш маблағ диҳад. Ӯ онро фурӯхта, ҳамаи қарзҳояшро бармегардонад. Ҳамин тариқ, мавсуф дар аввал аз Ҷамолиддин Холиқов чор ҳазор сомонӣ гирифта, баъдан якчанд маротибаи дигар бо баҳонаи дуруст кардани ҳуҷҷатҳои хона маблағи пули ба миқдори 3000, 4000, 5000, 10000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки манзили истиқоматиро фурӯхта, мабалғҳояшро бармегардонад. Дар маҷмӯъ, ӯ аз Ҷамолиддин Холиқов 669450 сомонӣ гирифта, то ҳол пардохт накардааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба Ҷӯрабек Бобохонов бо моддаи 247 кисми 4 банди «б» (қаллобӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.
Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Ҷ. Бобохонов бо моддаи зикргардида гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Ӯ муҳлати адои ҷазоро дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр сипарӣ хоҳад кард.
М. БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 453
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед