logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ДЕКАНИ ПОРАХӮР БА ДАСТ АФТОД

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Муҳаммад Турсунов - декани факултети корҳои тиббӣ - ташхисии Муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро баъд аз тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти агентӣ, номбурда бо ҷурми гирифтани пора аз як донишҷӯи ин муассиса боздошт шудааст. Манбаъ дар шарҳи ин хабар менависад, ки Муҳаммад Турсунов «моҳи ноябри соли 2017 аз донишҷӯи факултети корҳои тиббӣ - ташхисӣ шаҳрванд “А” барои пардохт намудани маблағи фарқияти фанҳо 2000 сомонӣ гирифта, аз ин миқдор 772 сомониро ба хазинаи коллеҷи мазкур супурда, бақияи онро ба андозаи 1228 сомонӣ тасарруф намудааст».
Декани факултет дар идомаи кирдорҳои ҷиноятии худ, такроран аз донишҷӯ “А” барои гирифтани санҷишу имтиҳонҳояш 2500 сомонӣ талаб намудааст. Вале ин навбат, ҳангоми гирифтани пора аз ҷониби кормандони агентӣ дастгир ва нисбаташ бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а, в, г”- и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

14 СОЛ БАРОИ ДУЗДӢ
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Салоҳиддин Зоирзода, собиқ муовини директор - сардори идораи муҳосиботи Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкии раёсати БДА «Амонатбонк» - ро бар асоси 6 моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷрим шинохта, 14 сол равонаи зиндон кард.
Бар пояи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, номбурда замони фаъолият дар ин мақом бо роҳи сохтакории кортҳо аз суратҳисобҳои умумии бонкӣ 579 574 сомонию 92 дирамро тасарруф намудааст. Ин далел танҳо ҷинояти содирнамудаи корманди бонк набуда, номбурда баъд аз озод шудан аз вазифа моҳи майи соли 2018 пинҳонӣ вориди бонки мазкур гардида, бо роҳи ғайриқонунӣ ворид  шудан ба системаи шабакаи компютерӣ, тағйири иттилоот дар системаи шабакаи компютерӣ ва ба онҳо дохил намудани иттилооти бардурӯғ маблағи умумии 341 463 сомонию 78 дирамро тасарруф кардааст.
Ин кирдори ҷиноятӣ бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б», 244 қисми 4 банди «б», 32 қисми 3 - 244 қисми 4 банди «б», 340 қисми 2 бандҳои «а», «в» ва 299 қисми 2 банди «а» - и Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст гардида, ҳамзамон, аз ҳисоби Салоҳиддин Зоирзода ба фоидаи БДА «Амонатбонк» 921 038 сомонию 70 дирам рӯёнда шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 475
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед