logo

иқтисод

ВОРИДОТИ ДОРУ. СОҲИБКОР БОЯД ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ ДОШТА БОШАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ бори дигар назорати қатъии сифати дорувориро аз масъалаҳои асосии соҳаи    тандурустӣ унвон намуда, таъкид доштанд, ки таъмини сифат, судмандӣ ва бехавфии маводи доруворӣ дар кишвар яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи сиҳатии мардум ба шумор меравад. Мутаассифона, то ба ҳол доруворӣ, асосан, аз хориҷи кишвар ворид гардида, сифати он дуруст муайян карда намешавад.
Кормандони сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз аввали соли равон фаъолияти 770 муассисаи фармасевтии кишварро зери санҷиш қарор доданд ва дар 150 ҳолат назорат якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифт. Инчунин, кормандони сарраёсат дар 485 муассисаи табобатию профилактикӣ ва 771 нуқтаи савдои маводи ороишию гигиенӣ санҷиш гузаронданд.
Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтӣ ва ду анбори ғайриқонунӣ 4821 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 451607 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки аз инҳо 866 номгӯй маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта, 3897 номгӯй маводи дорувории бе сертификати мутобиқат, боқимонда 54 номгӯй молҳои тиббии ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯй набуда мебошанд.
Мувофиқи мактубҳои КВД «ЭОМФТ» - и хадамот 54 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ (ба миқдори 425 969 адад) бо сабаби ҷавобгӯй набудани маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба талаботи стандарти сифат дар вақти воридот аз муомилот гирифта шуданд. Дар асоси ҳолатҳои ошкоргардида нисбат ба роҳбарону кормандони  муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ 556 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо ба миқдори 1 196 100 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ» ва корхонаҳои воҳиди давлатии дар вилоятҳо будаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ 29719 маводи дорувориро аз санҷиш гузаронданд. Аз инҳо ба 28781 адад сертификати мутобиқат ва 1758 протоколи санҷиш дода шуд. 652 намуна ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй набуда, аз муомилот боздошта шуд, аз ҷумла 7 намунаи истеҳсоли дохилӣ.
Айни ҳол дар кишвар 2440 муассисаи фармасевтӣ  фаъолият мекунад ва, воқеан ҳам, дар самти назорат мушоҳида мешавад, ки воридоти маводи қалбакӣ камтар гардидааст. Аммо ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки бозори фармасевтии кишвар аз маводи пастсифат орист. Соҳибкорони воридкунандаи доруворӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ бояд манфиати миллатро аз фоидаи худ болотар донанд ва аз ворид намудани маводи пастсифат даст кашанд.
Маҳмадалӣ ДАВЛАТОВ,
сардори сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии
Хадамоти назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 683
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед