logo

иқтисод

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. АФЗОИШИ ДАСТОВАРДҲО САМАРИ ТАЛОШҲОЯНД

Ноҳияи Темурмалик дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва меҳнати содиқонаи сокинони заҳматпешааш рушду нумӯ карда, имрӯз ба яке аз мавзеъҳои ободу зебо ва сарсабзу хуррами кишвари азизамон табдил ёфтааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мардуми сарбаланди ноҳия тамоми иқтидору имкониятҳоро баҳри амалӣ кардани супоришу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона сохта, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардиданд. 
Тавре раиси ноҳия Эмомиддин Аслзода ҳангоми суҳбат иброз дошт, то якуми декабри соли ҷорӣ нақшаи даромади ноҳия 98 дарсад иҷро гашта, ба буҷети маҳаллӣ наздики 31 миллион сомонӣ ворид шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол меафзояд ва, аз ҷумла, тайи ёздаҳ моҳи соли равон тавлидоти маҳсулоти саноатӣ 10 миллиону 779 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Роҳбарияти ноҳия ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва зиёд намудани тавлидоти маҳсулот тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тавре раиси ноҳия иттилоъ дод, кишоварзони ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба  260 миллиону 337 ҳазор сомонӣ расонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 5 миллиону 961,2 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Дар ноҳия ба ривоҷу равнақи боғдорӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад ва  соли ҷорӣ 51 гектар боғи нав бунёд ёфта, майдони боғу токзори ноҳия ба 1218  гектар расонда шуд, ки барои афзоиши меваҷот мусоидат хоҳад намуд. 
Ҳоло бо кумаку дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо кормандони ташкилоту муассисаҳо, тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона дар соҳили дарёи Сурхоб корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва сохтани саддҳои муҳофизатӣ бо суръат идома дорад.
Ғайр аз ин, барои нигоҳдорию таъмири роҳҳо, кабудизоркунӣ ва  зимистонгузаронӣ масъулони ноҳия чораҳои саривақтӣ андешида, бо ин мақсад 553 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ба кор таъмин намудани сокинон дар меҳвари таваҷҷуҳи  ҳамешагии масъулони ноҳия қарор дошта, дар ин самт низ тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд. Бо ин мақсад тайи моҳҳои сипаришуда 336 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, 230 нафар ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ,  қолинбофӣ ва дӯхтани либосҳои милливу мактабӣ ҷалб гардиданд.
Ин ва далелҳои дигари эътимодбахш шаҳодат медиҳанд, ки аз он дастоварду комёбиҳои мардуми заҳматпешаи ноҳияи Темурмалик сол ба сол афзуда, баҳри пешрафту тараққиёти ноҳия заминаи мусоид фароҳам меорад. Масъулону сокинони ноҳия бошанд, ҷиҳати роҳандозии иқдомоти наву созанда  камари ҳиммат бастаанд.
Комрон САФАР,
 Бахтовар КАРИМ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 692
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед