logo

туризм

СИМОИ НАВ. БАРДОШТ АЗ ТАМОШОИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мавзеъҳои  таърихӣ, чун Муассисаи давлатии Қасри маданияти «Арбоб», боғи миллии «Ваҳдат», Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, оромгоҳи «Хоҷабоқирғон» ва маҷмааи фарҳангӣ - фароғатӣ дар шаҳраки Ғафуров машҳур аст. Имрӯзҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои созандагиву ободониро вусъати тоза бахшидаанд. 

ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Дар шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба пешвози Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни бошукӯҳ дар ноҳия бунёди 1200 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 306 – тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Соли равон бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатманд иншооти гуногун, аз ҷумла мактаби №17, боғи фарҳангию истироҳатӣ, 11 майдончаи варзиш, 2 шуъбаи таваллуд, 10 корхонаи хурди саноатӣ ва 57 маркази савдою хизматрасонӣ бо беш аз 350 ҷойи корӣ сохта шуданд.

КИШОВАРЗӢ - САМТИ АСОСИИ ПЕШРАФТ
Бояд гуфт, ки ноҳия яке аз минтақаҳои пешрафтаи аграриву саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Кишоварзӣ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёт буда, дар ҳаёти иқтисодии ноҳия нақши калидӣ мебозад. Қисми зиёди аҳолии ноҳия дар соҳа бо ҷойи кор фаро гирифта шудаанд.  Аз ин лиҳоз, рушди соҳа на танҳо характери иқтисодӣ, балки хусусияти иҷтимоӣ низ дорад, чунки 94 дарсади аҳолии қобили меҳнат дар деҳот ба сар мебарад.
Дар ин давра ба маблағи беш аз 945 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки 107 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 125653 тонна сабзавот, 9747 тонна картошка, 17366 тонна меваҷот, 39192 тонна ғалладона, 13089 тонна полизӣ, 14474 тонна ангур истеҳсол шуд, ки сураъти афзоиш то 109 дарсад мебошад. Кишоварзон соли ҷорӣ дар майдони 7211 гегтар чигит кишт карда, 16027 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба нақша 16,3 дарсад зиёд аст.

САЙЁҲӢ ДАР ҲОЛИ РУШД АСТ
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои рушди соҳаи сайёҳӣ имконияти фарох дошта, ҷиҳати бунёди инфрасохтори соҳа ва истифодаи босамари захираҳои туристӣ чораҳои мушаххас андешида шуда истодаанд. Меҳмонхонаҳои “Сомонӣ” ва “Сино-555” дорои шароитҳои зарурӣ буда, ба қабули меҳмонон омодаанд. Инчунин, дар маркази ноҳия сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ ҷараён дорад, ки бунёди чунин иншоот омили пешрафти соҳаи хизматрасонист. Бар замми ин, соли равон дар деҳаи Чашмасор минтақаи истироҳатии “Арчазор” мавриди истифода қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар минтақаи истироҳатии маҷмааи “Кохи малика”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Исфисор идома доранд, ки далели таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия ба рушди соҳа аст.
Умуман, дар ноҳия барои рушди соҳаҳои гуногун заминаҳои воқеӣ вуҷуд доранд, ки бо амалӣ гардидани онҳо вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия боз ҳам беҳбуд хоҳад ёфт.
Лола РИЗОӢ,
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 692
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед