logo

иқтисод

РУШДИ САНОАТ ДИДГОҲИ МАҶМӮИРО ТАҚОЗО МЕКУНАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми худро ироа менамоянд. Мавриди тазаккур аст, ки дар он умдатарин ва ҳассостарин масъалаҳои барои рушди кишвар муҳим инъикос мегарданд. Дар Паёми навбатӣ, ки дирӯз ироа гардид, масъалаҳои муҳим арзёбӣ шуданд ва ҳар яке аз он шоистаи баррасӣ мебошанд. Дар миёни онҳо ҷанбаҳое буданд, ки барои рушди устувори кишвар имкониятҳои наверо мекушоянд. Дар ин росто, мехостам ба чанд нуктаи хеле муҳими Паём таваҷҷуҳ намоем.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамкориро бо шарикони рушд минбаъд низ идома медиҳем ва сармояи мустақими ҷалбшударо ба ворид намудани техникаву технологияҳои муосири истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ватанӣ равона мекунем. Ин нукта басо муҳим буда, аз масъулон дидгоҳи маҷмӯиро тақозо дорад. Яъне барои сармоягузории хориҷӣ омода намудани фазои хуби иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва равонӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин сатҳ ба ҳисоб меравад.
Нуктаи муҳими дигаре, ки дар Паёми Президенти кишвар ироа гардид, рушди саноат мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо он мамлакатҳое метавонанд муваффақ гарданд, ки саноати рушдкарда дошта, ниёзҳои худро аз он бароварда тавонанд. Масъалаи зикршуда ба рушди истеҳсолот рабт дошта, бидуни он тасаввурнопазир аст. Дар навбати худ, истеҳсолот бо низоми андозбандӣ робитаи мустақим дорад: андоз сода ва ба манфиатҳои давлату соҳибкор посухгӯ бошад, ба фоидаи умум аст. Дидгоҳи маҷмӯӣ ба масъала онро талаб менамояд, ки низоми андозбандии кишвар бояд мувоҷеҳи ислоҳоти ҷузъӣ шавад, яъне он барои ҳамаи субъектҳо фаҳмо ва шаффоф бошад, меъёрҳои қонунгузории андоз духӯрагиро аз байн бурда,заминаҳои коррупсия дар соҳаро низ рафъ созад.
Нуктаи дигари муҳими Паём ба коркарди пахта бахшида шуд, ки амалан бо саноатикунонии истеҳсолот робитаи мустақим дорад. Коркарди пахта, пеш аз ҳама, рушди саноати сабуки ватанӣ аст, ин ҷойи корӣ, манбаи андозбандӣ ва зиёдтар аз ин, ба даст овардани фоидаҳое мебошад, ки алъон кишвар ва заҳматкашон аз он камтар баҳравар мешаванд. Чи гунае ки зикр гашт, ҳоло мувофиқи маълумоти оморӣ ҳамагӣ 10-12 дарсади нахи пахта дар дохили кишвар коркард мешавад. Соли 2018 содироти нахи пахта назар ба соли гузашта ду баробар афзудааст. Дар дохили кишвар коркарди пахта барои саноатикунонии кишвар мусоидат намуда, метавонад омили ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ гардад. Мувофиқи баъзе аз таҳлилҳои соҳа фаразан агар 1 килограмм пахтаи коркардношуда нархаш дар биржа 1 доллари ИМА бошад, пас баъди коркард, арзиши он метавонад то 10 маротиба боло равад, яъне худи ҳамин мантиқи иқтисодӣ моро водор мекунад, ки пешниҳоди Сарвари давлатро батадриҷ татбиқ намоем. Дар ин раванд ба ду ҷанбаи муҳим аҳамияти хоса бояд дод: аввал, истифодаи васеи таҷрибаи муваффақи ҷаҳонӣ дар соҳа ва дувум, истеҳсоли маҳсулоти пахтагие, ки ба завқи истеъмолкунанда ҷавобгӯ бошад. Агар коркарди пахтаро ба таври маҷмӯӣ ба роҳ монем, на танҳо саноати сабуки мо рушд мекунад, балки аз ин ҳисоб фоидаҳои зиёдтар ба даст меоянд.
Моҳира  САНГМАМАДОВА,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 783
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед