logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. БУНЁДИ НОҲИЯИ НАВ ДАР ПОЙТАХТ

Васеъшавии ҳудуди пойтахт дар доираи татбиқи марҳилаи аввали Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати ҷанубу ғарбӣ аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ сурат мегирад. Бо ин мақсад, 7659 гектар замин аз ҳисоби ин ноҳия, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Сарикиштӣ, Гулистон, Чортеппа, Чимтеппа ва Россия ба ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронда мешавад.  Ин имкон медиҳад, ки дар пойтахти кишвар боз як ноҳияи нав бунёд гардад.

Шодимурод Аловуддинов, муовини сардори сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки бунёди ноҳияи нав аз шаҳракҳо ва инфрасохтори дорои аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои бачагона, майдончаҳои варзиш, марказҳои хизматрасонию савдо, таваққуфгоҳҳо, беморхонаву дармонгоҳҳо ва амсоли инҳо иборат мебошад. Ҳамчунин, минтақаи саноатӣ бо бунёди корхонаҳои нав ва иншооти барои рушди сайёҳӣ нигарондашуда, ҳудудҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла боғу ҷангалзорҳо ва гулгашту хиёбонҳо, ҳудудҳои махсус бо сохтмони биноҳои мутааллиқ ба сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, обтаъминкунӣ, корезӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда мешавад. Масалан, ба ҷойи деҳаи Чортут, ки ҳоло ба ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ дорад, ҳудудҳои махсуси обтаъминкунии пойтахт бунёд гардида, минтақаи корезӣ, ки алҳол дар маҳаллаи Гулбутта қарор дорад, ба деҳаи Сарикиштӣ кӯчонда мешавад. Иншооти сохташаванда бо техника ва таҷҳизоти замонавӣ низ муҷаҳҳаз мегардад. Иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2017 роҳандозӣ шуда, пойтахти кишварро бо гузариш ба марҳилаи нави рушд ба куллӣ дигаргун месозад. Тағйирот қариб дар ҳама шаҳраку ноҳияҳои пойтахт ба назар мерасад. Аз ҷумла, консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи «Дӯстии халқҳо» 50  бинои  дар ин мавзеъ сохташаванда, 19 бинои баландошёнаи он дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу бунёдшавандаро дар бар мегирад. Аз мавзеи Зарнисор то канали Ҳисор шаҳраки дипломатӣ низ бунёд мегардад, ки дар он сафоратхона ва консулгариҳо ҷой дода мешаванд. Дар «Олами китоб» - и ноҳияи Шоҳмансур марказҳои замонавии 18 - 20 - ошёна қомат меафрозанд. Сохтмони онҳоро ҶДММ «Шаҳри зебои мо» ба уҳда дорад. Ҳамин тавр, солҳои 2019 - 2021, яъне то таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар пойтахти кишвар даҳҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ ба истифода дода мешаванд.  Айни замон дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16-ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназиранд, дар  арафаи  анҷомёбист. Корҳои сохтмонӣ дар дигар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт бомаром ҷараён доранд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2018    №: 257-258    Мутолиа карданд: 755
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед