logo

ҳуқуқ

"БАҲСИ ДАҲСОЛАИ СУДӢ…"

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи сокини шаҳри Ҳисор Фахриддин Зиёевро таҳти унвони «Баҳси даҳсолаи судӣ. Ба тантанаи адолат бовар дорам» - ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (30 октябри соли 2018, № 211) нашр шудааст, дар якҷоягӣ бо маводи парвандаи гражданӣ мавриди омӯзиш қарор дод.

Тавре муайян гардид, Ф. Зиёев 13 декабри соли 2006 аз филиали дар ноҳияи Шаҳринав будаи «Ориёнбонк», 268 787 сомониро бо 30 дарсади солона ба муҳлати як сол қарз гирифта, манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Ҳисорро ба гарав гузоштааст. Ф. Зиёев натавонистааст, ки дар муҳлати муқарраршуда маблағи қарзро ба бонк баргардонад. Аз ин рӯ, хонаро ба фурӯш монда, баъд аз савдо нашудани он бо таклифи роҳбари вақти филиали бонк Н. Забирзода онро ба падарарӯси охирин Қ. Умаров фурӯхта, 2 феврали соли 2008 шартномаи харидуфурӯшро дар идораи нотариалии давлатии шаҳри Ҳисор ба расмият даровардаанд. Ҳамзамон, 2 феврали соли 2008 ва 27 майи соли 2009 байни Ф. Зиёев ва Қ. Умаров шартномаҳои иҷораи манзили истиқоматӣ баста шуда, Ф. Зиёев бо аҳли оилааш дар манзили мазкур муддати муайян истиқомат намудаанд.
Баъдан, Қ. Умаров хонаи мазкурро ба номи худаш қонунӣ гардонда, пас аз маргаш духтараш З. Умарова онро ҳамчун мероси падар қабул намуда, айни замон дар он истиқомат дорад.
Ф. Зиёев бо аҳли оилааш ба суди шаҳри Ҳисор нисбат ба З. Умарова аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, пурсидааст, ки шартномаҳои харидуфурӯш ва иҷораи манзили истиқоматӣ, қарори қонунигардонӣ ва шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос аз рӯи қонун беэътибор дониста шуда, З. Умарова бо аҳли оилааш аз манзили баҳсӣ кӯчонда шавад.
Баъди якчанд маротиба бекор гардидани ҳалномаҳои суди шаҳри Ҳисор нисбат ба баҳси мазкур парвандаи гражданӣ ба истеҳсолоти Суди Олӣ қабул шуд. Дар рафти баррасии парванда тарафҳо ба созиши оштӣ омаданд. Тибқи шартҳои созиши оштии тарафҳо Зиёевҳо (ҷамъ чор нафар) уҳдадор шудаанд, ки то 31 декабри соли 2017 маблағи 90 000 (навад ҳазор) доллари ИМА - ро мутаносибан бо асъори миллӣ ба З. Умарова пардохт менамоянд, дар сурати пардохт нашудан манзили истиқоматӣ ба моликияти З. Умарова мононда мешавад.
Тибқи талаботи моддаи 177 - и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафҳо метавонанд, бо бастани созиши оштӣ ба мурофиаи судӣ хотима бахшанд. Суд бо таъйиноти худ созиши оштии тарафҳоро тасдиқ ва баррасии парвандаро қатъ мекунад.
Аз протоколи маҷлиси судӣ бармеояд, ки судяе, ки парвандаро баррасӣ намудааст, ба тарафҳо оқибати бастани созиши оштиро фаҳмондааст, ки дар ин хусус аз даъвогарон Зиёевҳо ва ҷавобгар З. Умарова забонхат гирифта шуда, ба парванда замима шудааст. Зиёда аз он, ҳангоми бастани созиши оштӣ намояндагони ҳар ду тараф - адвокатҳои касбӣ Ҳ. Мирзоавлиён ва В. Баскаева ҳузур доштаанд, ки талаботи қонунҳои моддӣ ва мурофиавии гражданиро медонанд.
Бо сабаби ба созиши оштӣ омадани тарафҳо ва бо риояи талаботи қонунҳои зикргардида, бо таъйиноти маҷлиси судии Суди Олӣ аз 20 апрели соли 2017 созиши оштии тарафҳо тасдиқ ва баррасии парвандаи гражданӣ қатъ шудааст.
А. ИСҲОҚӢ,
муовини раиси Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2018    №: 259    Мутолиа карданд: 506
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед