logo

ҳуқуқ

ХАТАРҲОИ ҶАҲОНӢ. ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар баробари натиҷагирӣ аз нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ, инчунин, ба масоили глобалие, ки ба мушкилоти ҷиддии сайёра мубаддал гардидаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат бо назардошти шиддати бемайлони хатарҳои ҷаҳони  муосир, аз ҷумла зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм роҳҳои пешгирии ин раванд, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба соз-мону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардондани шахсони гумроҳшударо таъкид намуданд.
Табиист, ки асри 21 агар аз як ҷониб бо рушди технологию инноватсионӣ дар ҳаёти аҳли башар нақшгузор бошад, аз ҷониби дигар зоҳир гардидани равандҳои мухталифи сиёсию иҷтимоӣ дар қабои ҷараёни фарогири  “ҷаҳонишавӣ” халқи оламро дар ин қарни пурталотум ба ташвиш андохтааст. Махсусан, зуҳуроти харобиовари терроризму экстремизм ҳанӯз дар ибтидои ин қарн дар шаклу қолаби комилан нав дар сиёсатҳои духӯраю гуногунҷанбаи иддае аз қудратҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфт. Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир, ҳатто, аз чунин равандҳои хатарзо бархе қудратҳо манфиатҳои худро меҷӯянд ва маҳз чунин манфиатхоҳиву бартариҷӯӣ боиси шиддат ёфтани буҳронҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва дар ин замина густариши ифротгароиву терроризм мешавад.
Ин аст, ки Пешвои миллат бо зикри омилҳои дар роҳи густариши экстремизму терроризм мусоидаткунанда, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, то муборизаро дар ин самт шиддат бахшанд.
Дар ҳошияи Паёми худ Президенти мамлакат бори дигар диққати аҳли ҷомеаро ба қазияи Афғонистони ба мо ҳамсоя ҷалб намуда, иброз доштанд, ки ҳоло буҳрони мавҷуда дар Афғонистонро танҳо бо роҳҳои низомӣ наметавон бартараф намуд:  “Мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистони дӯст ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад".
Маълум аст, ки паёмади ҷангу низоъ, мухолифатҳои мусаллаҳона, қатлу куштори одамони бегуноҳ ба башарият танҳо бадбахтиву рӯзи сахт меорад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки моро мебояд беш аз пеш зирак бошем, то бори дигар ба доми найранги бегонагон наафтем. “Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 - уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд”.
Пас, бо назардошти чунин таъкидҳои саривақтӣ ва корсози Пешвои муаззами миллат ҳар як шаҳрванди кишвари моро мебояд, хатари чунин гурӯҳҳоро ҳамчун хатаре барои Ватани худ, модари худ, оилаи худ, номуси худ бишносад ва ҳаргиз дар мубориза бо чунин раванди хатарзо ба саҳлангорӣ роҳ надиҳад.
Афшини МУҚИМ,
сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2018    №: 259    Мутолиа карданд: 514
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед