logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН. ҶИНОЯТКОРӢ АЗ МАВЗӮЪҲОИ ТАШВИШОВАР БОҚӢ МЕМОНАД

Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон, ҳамзамон пешгирии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон  ва ҷавонони ВКД (ХПҲНҶ ВКД) бошад ҳам, ҳамоно дар ин самт мушкилиҳо зиёд ба чашм мерасанд. Танҳо дар 11 моҳи соли равон аз тарафи ноболиғон 826 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 37,2 дарсад зиёд мебошад.
Тибқи иттилои хадамоти мазкур, бо мақсади амалӣ намудани талаботи  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои байни хонандагон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динӣ, дар миқёси ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон 4898 маротиба  рейд ва амалиётҳои муштарак гузаронда шудааст. Дар ин давра барои оворагардӣ 4391 нафар, талбандагӣ 618, кашидани бор дар бозорҳо 463, ҷамъоварии маблағи роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти мусофиркаш 353, шустани воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнагардида 518, дар вақти дарс машғул шудан ба бозиҳои компютерӣ 3065, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ 31, фурӯшандагӣ дар ҷойҳои муқаррарнагардида 740, дуд додани сипанд 334 нафар ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғон ба қайд гирифта шудааст.
- Дар содир кардани ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғон мо наметавонем танҳо мақомоти дахлдор ва ё мактабро айбдор намоем, чун масъулияти бештари онҳо ба уҳдаи падару модар аст, - иброз дошт Зебуннисо Холдорбекова, муовини сардори шуъбаи ноболиғони ХПҲНҶ ВКД. Дар 826 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон  содиршуда, 682 писар ва 24 духтар иштирок кардаанд. Дар ҷиноятҳои гурӯҳӣ 69 ноболиғ иштирок намудааст, ки аз инҳо 60 нафараш дар якҷоягӣ бо калонсолон ҷиноят содир кардаанд. Аз шумораи умумии ноболиғоне, ки ба ҷиноят даст задаанд, 206 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 4 нафар мактаби миёнаи махсус, 6 нафар аз омӯзишгоҳҳои касбӣ буда, 490 нафар ба кор ва хондан машғул нестанд.
Назар ба андешаи Зебуннисо Холдорбекова, афзоиши ҷиноят миёни ноболиғон ба якчанд омил, аз ҷумла маҳрум гаштани онҳо аз  падар ё модар, яъне ҷудо шудани оилаҳо аз ҳамдигар, дастрасӣ ба сомонаҳои иҷтимоию шабакаи интернетӣ тавассути  телефонҳои мобилӣ, тамошои кинофилмҳои хусусияти ғайри тарбиявидошта дар кафе-интернетҳо, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падар ё модар ва вогузор намудани тарбияи онҳо ба хешовандон, бепарвоии волидон оид ба тарбияи фарзандон, бетарафии ҷомеа дар тарбияи насли наврас вобаста мебошад.
Мақсад аз андешидани тадбирҳо, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус, муноқишаҳои авбошии гурӯҳӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон мебошад. Назорати ҷиддии наврасону ҷавонон вазифаи муҳими ҷомеа маҳсуб меёбад.
Чун таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврас ва ҷавон шароити хуби донишандӯзӣ муҳайё гардидааст, онҳо вазифадоранд, ки илму донишҳои муосир, касбу ҳунарҳои замонавӣ омӯхта ба ободиву пешрафти Ватан бо ғайрату неруи тоза ва бо қадамҳои устувор саҳм гузоранд.
Сафаргул АЛИМОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2018    №: 260    Мутолиа карданд: 446
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед