logo

фарҳанг

КАНГУРТТУТ. ЗОДГОҲИ МАН

Кангурттути азизи ман. Инак, баъди шасту нуҳ сол ба наздат омадам. Водии тафсони Вахш, тамоми сарзамини диёрамро давр зада, ба назди ту ҳозир шудам. Ҳафтод бунаи дар теппаҳои сабзпӯш қарордоштаро дида, дилам аз фараҳ лабрез шуд. Ҳатто қафаси синаам аз шодӣ ба танг омад.

Дар мазраҳои ҳамвори алафпӯшат қадам мезанам. Шабнами саҳаргоҳ пойҳои шалпаргаштаамро мешӯянд.
Дар  кӯчаҳои деҳаам қадам мезанаму аз дидораш сер намешавам, мехоҳам беист атрофаш чарх занам. Пайраҳаи деҳаи ман хеле борик ва нишебу фароз аст. Теппаҳои он аз дур чун алмоси насуфта асрорангез ҷило медиҳанд.
Ба ҳар хонадон сари сафедӣ афтодаамро медарораму ба онҳо бо таъзим салом медиҳам. Нақлу ривоятҳои онҳоро шунида, ёдҳоям аз ниҳонхонаи торики хотираам падидор мешаванд.
Модарам қиссаи ба ман ном ниҳоданро ҳикоя карда буд. Ман дар оилаи Ғулом Шарифов (Ғуломи қорӣ Шариф) писари сеюм будаам. Боз як хоҳарбузург низ доштаам. Ҳоло онҳо дар ҳаёт нестанд.
Вақти ба дунё омаданам, аллакай, падарам моро тарк карда, ба деҳаи дигар кӯч баста будааст. Номи маро холаи Санамбӣ, ҳамсари амаки Гулмурод, гузоштааст. Кампири нуронӣ хам шуда, ба гӯшам оҳиста «Зариф» гуфта,  сипас, мани гирёнро ба дасти модарам дода, хурсандона баён намудааст:
- Номаш Зариф шуд.
Дар хонае, ки парда ба ҷойи дар хизмат мекард нишастагон бо ризоият хомӯшона номи маро қабул намудаанд.
Чи илоҷ, солҳои вазнини ҷанг, бо ҳукми тақдир оилаи мо пароканда шуд. Мо, панҷ нафар, модар, се бародару хоҳарбузургам, ба водии Вахш, дур  аз зодгоҳ афтидем.
Модарам Саидмо аз хурдӣ ба мо панд меомӯзонд. Мегуфт, ки: ҳар кас бояд бидонад  дар куҷо таваллуд шудаву, хуни нофаш дар кадом макон рехтааст.
Сарнавишт маро ба сарзамини туқайзоре партофт, ки баъдтар бо заҳмату машаққати сангини мардум ба майдони пахтазор табдил ёфт. Вале ман ҳеҷ гоҳ деҳаи бари пушта ҷо гирифтаамро аз ёд намебаровардам.
Деҳаам, талу теппаҳоям, Кангурттутам доимо манбаи фикру андешаҳоям, ҳиссиётам ва азму суботам буду ҳаст. Тамоми эҷодиётам аз ҳамин макон маншаъ гирифтааст. Зеро чун шоҳин аз ҳамин ошён ба осмони беохир  парвоз кардаам.
Кангурттут ошёни ман, гаҳвора ва  оғозу анҷоми ҷаҳони маънавии ман аст.
Ҷаҳони ман аз Кангурттут ибтидо гирифтааст. Туро ба чӣ ташбеҳ диҳам, зодгоҳам? Чӣ сухани шоёну сеҳрноке дар ҳаққат нависам? Тақдири туро, таърихи туро, ки як ҳиссачаи хурдаш манам, бо чӣ ифода намоям?
Медонам ҳоло  дар заминат ковишҳои бостоншиносӣ давом доранд ва ҳар як бозёфт аз он дар таърихи миллатам  саҳифаи наве мекушояд.
Диёри ҳамешасабзу пурфайзи таърихии ман!
Дар масоҳати хурду дили бузургат таърихи пурифтихорро ифшо намудаӣ! Шахсиятҳои намоёну олимони хирадмандро дар оғӯшат парваридӣ!
Ту диёри орифони хирадманде мебошӣ, ки  бо асарҳои худ фарҳанги миллатро ғанӣ мегардонанд.
Кангурттут! Ту маҳзари нуру зиёӣ, кони хираду фарҳанги  куҳанбунёдӣ! Илҳоми бепоёни манӣ! Бо ту меболаму мефахрам. Дар қисматат қиссаҳои тозаву  шодиовар эҷод менамоям.
Зариф ҒУЛОМ,
нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.12.2018    №: 260    Мутолиа карданд: 620
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед